Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо рӯйи муайян кардани шароит ва имконоти маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” кор мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари кории марказии Бонк.
Дар посухи хаттии БАС гуфта мешавад, айни замон ин кор “дар марҳилаи пешакии арзёбии лоиҳа қарор дорад”.
“Қарори ниҳоии мо ба иҷрои як қатор шартҳои пешакӣ бо шумули кафолати лоиҳа, харид ва дигар таркибҳои ниҳоят муҳим барои лоиҳа вобаста аст”, - изҳор шудааст дар посух.
Ҳамчунин дар дафтарии кории Бонк, муҳимияти муайян кардани “таъсири имконпазири лоиҳа дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон” - кишварҳои ҳамсоя зикр мешавад.
“БАС лоиҳаҳоро ҳам аз лиҳози пешниҳоди машваратҳо ва ҳам аз тариқи маблағгузории дарозмуҳлат дастгирӣ намуда, инчунин грантҳои Иттиҳоди Аврупо бо маблағгузории БАС якҷоя амалӣ шуда метавонанд”, - таъкид мекунанд дар Бонк.
Дар посухи БАС муҳимияти амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун” чунин зикр мешавад, ки он ба “ҷудо кардани вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз сӯзишвории истихроҷӣ” кумак карда, ба “бунёди сарчашмаи тоза, устувор ва барқароршавандаи электроэнергия” мусоидат менамояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон зикр шуд, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба нақша гирифтааст, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад.
Намояндаи расмии ИА гуфтааст, сабаби асосии нияти ба сармоягузори асосӣ табдил ёфтани Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар он аст, ки ““Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ӯ аз вобастагӣ ба энергияи Русия раҳо шаванд”.
Чанде пеш муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишастии хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷалби захираҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун гуфтушунид дорад.
Ба гуфтаи Шоимзода, ҳозир дар бораи як маблағи мушаххас чизе гуфтан барвақт аст, зеро ҷараёни гуфтушунид ҳоло ба охир нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.
Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.
Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста