Бонки аврупоии сармоягузорӣ (БАС) ба нақша гирифтааст, ки сармоягузори бузургтарини неругоҳи барқи обии “Роғун” шавад, хабар медиҳад Reuters бо истинод ба намоянддагони расмии Иттиҳоди Аврупо (ИА).
“Иқдоми мазкур ба коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз энергияи Русия равона гардида, посухи Иттиҳоди Аврупо ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин мебошад”, - омадааст дар хабар.
Намояндаи расмии ИА гуфтааст, сабаби асосии нияти ба сармоягузори асосӣ табдил ёфтани Иттиҳоди Аврупо дар он аст, ки ““Тоҷикистон ва ҳамсояҳои ӯ аз вобастагӣ ба энергияи Русия раҳо шаванд”.
Ӯ таъкид доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ноил гардидани истиқлоли энергетикии Осиёи Марказӣ аз Русия манфиатдор аст.
“Брюссел ва муттаҳидони ғарбии ӯ ба посухи ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврал кӯшиш карданд, ки Русияро дар инзиво (гӯшанишинӣ, яккаву танҳо мондан) қарор диҳанд”, - зикр мешавад дар хабар.
Намояндаи Бонки аврупоии сармоягузор дар мусоҳиба ба Reuters гуфтааст, Комиссияи Аврупо бо дархости “сармугзори бузуртарин” шудани лоиҳаи Роғун ба бонк муроҷиат намудааст. Аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми сармоягузорӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ӯ худдорӣ варзидааст.
Дар маълумот гуфта мешавад, неругоҳи барқи обии “Роғун” бо сарбанди гиливу сангии 335-метра баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд ва ба норасоии доимии барқ дар Тоҷикистон хотима бахшида, инчунин ба содироти он ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон шароит фароҳам меорад.
Қаблан аввали соли равон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта вохӯриро бо мададрасонони байнулмилалӣ созмон дода, дар он масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” баррасӣ шуд.
Намояндаи доимии БОР зарурати дастгирии молиявии лоиҳа аз ҷониби мададрасонон (донорҳо)-и байнулмилалиро камбуди маблағҳои давлатӣ барои сохтмони минбаъдаи ин иншоот ва инчунин озод намудани маблағҳои буҷетӣ, ки метавон ба дигар эҳтиёҷоти афзалиятнок равона кард, шарҳ дод.
Аммо, изҳор дошт вай, бар асоси пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде дар мавриди тарҳи Роғун вуҷуд доранд, ки пеш аз маблағгузорӣ ба ин лоиҳа мададрасонон бояд ба онҳо посух бигиранд.
Аз ҷумлаи чунин масоил Шенни Кэмпбелл масъалаҳои харид, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори фурӯши нерӯи барқро номбар кард.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.
Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста