Аксарияти шаҳрвандон бо кадом сабабе чунин мешуморанд, ки ҷониби қабулкунанда аз Душанбеи расмӣ ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳодро дархост мекунад, лекин мақомоти Тоҷикистон ҳар бор ин пешниҳодро рад мекунанд.

Дар асл бошад, ин тавр нест.

Тарафдорон ва мухолифон

Гуфтугӯҳо дар мавриди узвияти имконпазири Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) тайи ҳафтаҳои ахир дар пасманзари ташаббуси ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби мухолифин дар Молдова барои пайвастан ба ин Иттиҳод хеле зиёд ба миён меоянд.

Аз баррасиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои ҷудогона бармеояд, ки аксарияти ҷомеаи Тоҷикистон ҷонибдори узвият ба ИИАО ва қисмати начандон зиёд - мухолифи он мебошанд.

Ба гурӯҳи аввал муҳоҷирони корӣ ва шахсони ба онҳо алоқаманд ва ба гурӯҳи дуюм - аксаран афроди аз лиҳози молиявӣ таъмин ва маъмулан бо ақидаҳои ғарбгароӣ шомиланд.

Далели аслии гурӯҳи аввал ин аст, ки пас аз ворид шудан ба ИИАО муҳоҷирон дар қаламрави кишварҳои узв метавонанд бо ҳамон шароит барои шаҳрвандони ин давлатҳо кор кунанд. Онҳо мегӯянд, муҳоҷирони мо дигар барои иҷозатномаи кор маблағ пардохт намекунанд, ҳар як аъзои оилаи онҳо бастаи пурраи суғуртаи тиббӣ мегиранд ва кӯдакон метавонанд дар баробари фарзандони шаҳрвандони кишварҳои қабулкунанда дар боғчаву мактабҳо тарбия гирифтаву таҳсил кунанд.

Пуле, ки муҳоҷирон ҳозир маҷбурӣ барои корҳои дар боло зикршуда пардохт мекунанд, метавонад ҳадди ақалл қисман ба Тоҷикистон интиқол дода шавад, ки ин бешубҳа, як дастгирии иловагӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мешуд.

Дар доираи ИИАО ба истилоҳ “механизми чаҳор озодӣ” амалӣ мешавад, ки озодии ҳаракати молу хизматрасонӣ, сармоя ва корро таъмин мекунад. Яъне муҳоҷири дорои шиносномаи кишвари узви Иттиҳод метавонад бидуни маҳдудият дар кишвари дигари узви ИИАО амалан бо ҳамон шароите, ки барои шаҳрвандони ин кишвар аст, кор пайдо кунад.

Мухолифони муттаҳидшавӣ дар навбати худ иддао доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бе ин ҳам дар чаҳорчӯби ИДМ ва созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои узви ИИАО ҳамгиро шудааст.

Дар ҳамин ҳол, онҳо таъкид мекунанд, ки фазои ягонаи гумрукие, ки Тоҷикистон пас аз пайвастан ба ин иттиҳод дар он хоҳад буд, метавонад ба кори истеҳсолкунандагони тоҷик мушкилӣ эҷод созад, зеро маҳсулоти маҳаллӣ бо маҳсулоти воридотии кишварҳои узви Иттиҳод рақобат карда наметавонад.

Ҷонибдорони ҳамгироӣ бар ин назаранд, ки аз рақобати озоду солим тарсидан лозим нест, баръакс инро дастгирӣ мебояд, зеро ҳама гуна рақобат ба беҳтар шудани сифат ва коҳиши нарх ба маҳсулот мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ба ақидаи онҳо, тиҷорати бузург, бахусус истеҳсолкунандагон дар Тоҷикистон имтиёзу сабукиҳои зиёд доранд ва ба буҷети давдат аз онҳо ҳеҷ фоидае намерасад.

Ғайр аз ин, онҳо чунин мешуморанд, ки муттаҳидшавӣ ҳам хароҷоти воридкунандагони маҳсулот аз кишварҳоии ИИАО ва ҳам содиркунандагони маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишварҳоро кам мекунад.

Аммо масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ИИАО ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯҳияи ҷомеа вобаста нест, онро танҳо мақомоти ҷумҳурӣ ва ҷониби қабулкунанда ҳал мекунанд. Ва ин ҷонибҳо аз афташ ҳоло аз вазъи мавҷуда (статус-кво) комилан қаноатманданд.


Мавқеи мақомоти Тоҷикистон

Тоҷикистон аз оғози таъсиси ИИАО номзади асосӣ барои узвият дар ин Иттиҳод маҳсуб мешуд. Дар омади гап, ҷумҳурии мо ягона кишвари узви Бонки авруосиёии рушд (БАОР) мебошад, ки узви ИИАО нест. Ва БАОР воқеан як "ҳамгирогари низомсоз" дар фазои ин Иттиҳод аст.

Дар муқоиса бо Молдова Тоҷикистон ҳатто мақоми кишвари нозир дар ИИАО-ро надорад.

ИИАО моҳи майи соли 2014 бар асосии созишномаи имзошуда байни Русия, Қазоқистон ва Беларус таъсис дода шуд. Соли 2015 Арманистон ва Қирғизистон ба он пайвастанд. Молдова (аз соли 2018), Ӯзбекистон ва Куба (ҳар ду аз соли 2020) кишварҳои нозири Иттиҳод мебошанд.
Сурат аз торнамои eec.eaeunion.org

Мақомоти Тоҷикистон мувофиқи мақсад будани пайвастан ба ИИАО-ро аз соли 2015 баррасӣ мекунанд. Ибораҳои маъмулӣ дар посухи вазорату идораҳои дахлдор ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма дар бораи имкони шомил шудан ба иттиҳод дар ҳашт соли охир инҳоянд: “тарафи мусбӣ ва манфиро баррасӣ дорем”, “таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро меомӯзем, ки иқтисоди ба мо монанд доранд”.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нимаи моҳи август дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас аз изҳори ҳатмии ибораҳои зикршуда гуфт, ки «бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои гуногунҷанба бо Русия, Тоҷикистон дар ин масъала зери фишор қарор надорад”.

Ӯ зикр кард, ки айни замон гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомот, ҳам ба намояндагони расонаҳо ва ҳам БАОР хабар дода буданд, ки гурӯҳи кории назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ тамоми корҳои заруриро анҷом дода, натиҷаҳои он тирамоҳи соли 2016 ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳои дахлдор дар шарҳҳои “на барои матбуот пешбинишуда”-и худ мегӯянд, мақомот аз он метарсанд, ки истеҳсолкунандагони нисбатан бузурги маҳаллӣ, ки бо ин ё он шакл бо элитаи сиёсии кишвар иртибот доранд, бо кушода шудани сарҳадҳои гумрукӣ бо истеҳсолкунандагони давлатҳои аъзои ИИАО рақобат карда наметавонанд ва муфлис мешаванд.

Аз ин рӯ, онҳо маслиҳат медиҳанд, ки узвияти Тоҷикистонро ба ИИАО интизор нашаванд.

Ҳамаи давлатҳое, ки ба узвияти ИИАО пазируфта мешаванд, дарҳол ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ (қисми ҷудонашавандаи ИИИАО аст) ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Мавқеи кишварҳои узви ИИАО

Кишварҳои узви ИИАО, ба ақидаи коршиносон, аз шитоб надоштани раҳбарияти Тоҷикистон хеле қаноатманданд, зеро аз сатҳи пасти рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки метавонад дар маҷмӯъ ба иқтисоди Иттиҳод таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд.

Ин дидгоҳ бо забони бештар  дипломатӣ дар гузориши “Манфиатҳо ва хароҷоти эҳтимолии пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО” аз ҷониби Маркази таҳқиқоти ҳамгироии назди БАОР, ки ҳанӯз соли 2019 нашр шуда буд, инъикос ёфтааст.

Дар гузориш зикр мешуд: «На Тоҷикистон ва на кишварҳои ИА ҳадафи сиёсие надоранд, ки пайвастан ба хотири эътирофи натиҷаи ҳамроҳшавӣ сурат гирад. Таҷрибаи рушди ҳамгироии ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи Иттиҳоди Аврупо, нишон медиҳад, ки раванди ба таври сунъӣ ҷалб кардани кишварҳо ба гурӯҳҳои ҳамгиро танҳо мушкилоти иловагӣ эҷод мекунад ва ба пешравии тадриҷии иттиҳодҳо мусоидат намекунад».

Муаллифони гузориш зери таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо эҳтимолан бӯҳрони моливу иқтисодӣ дар Юнон дар солҳои 2010-2018-ро дар назар доранд, ки наҷоти он ба кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ садҳо миллиард евро арзиш дошт. Барои эҳёи иқтисоди Юнон, ки дар маҷмӯъ ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо таҳдид мекард, Хазинаи байнулмилалии асъор низ ҷалб шуд.

Дар маҷмӯъ барои солимгардонии иқтисоди Юнон он замон 274 миллиард евро сарф шуд.

Сурат: trans.ru

Муаллифони гузориш монеаи аслӣ дар роҳи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО-ро омода набудани заминаи ҳуқуқӣ ва мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ дар кишвар медонанд.

«Мушкил сари он аст, ки Тоҷикистон дар таҳияи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ИИАО иштирок накарда,  ин кор дар ин ҷо бояд аз сифр оғоз гардад. Қарзи ҷиддии беруна, дар якҷоягӣ бо низоми сусти андоз, аз як тараф ва пурра набудани таҳлили заминаи ҳуқуқии ИИАО барои мутобиқгардонии қонунгузории худи он, аз тарафи дигар, метавонад пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳод ба таври ҷиддӣ боздорад”, - зикр мекунанд онҳо.

Камбудии дигари узвияти Тоҷикистон, ки дар гузориш таъкид шудааст, ба “мавҷудияти хатарҳои ҷиноӣ ва ҷалби зарурии захираҳои иловагӣ” марбут аст, ки “транзити бузурги қочоқи маводи мухаддир”-ро дар назар дорад. Муаллифони гузориш ҳамин тавр ба хулосае омадаанд, ки муттаҳидшавӣ бо Тоҷикистон “воридоти маводи мухаддирро ба қаламрави кишварҳои узви ИИАО содда мекунад”.

Яъне, имрӯз дарвоқеъ на кишварҳои узви ИИАО ва на Тоҷикистон (элитаи он) ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳод манфиатдор нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.