Ба хоҷагиҳои тухмипарварии Тоҷикистон 500 тонна тухмии хушсифати гурӯҳи элитаи гандум ва 1250 тонна нуриҳои минералӣ тақсим карда шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба тақсими тухмӣ байни хоҷагиҳо оғоз кардаанд.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар кишти тирамоҳии гандум ба ҳоҷагиҳои тухмипарвар тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи элита намудҳои “Гром”, “Алексеевич” ва “Тимирязевка-150” дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 низ хоҷагиҳои тухмипарвар барои кишт тухмиҳои хушсифат тақсимот карда шуда буд, ки ҳосили хуб ба даст оварданд ва дар доираи таъсиси фонди гардиши Вазорат ба дигар хоҷагиҳои хурду калон барои кишти имсола васеъ истифода карда мешавад.
Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, навъи гандуми мулоими “Гром” дар озмоишҳо то 112 сентнер аз 1 гектар ҳосили хуб дода, ба хушксоливу бемориҳо тобовар аст. Навъи “Алексеич” низ ҳамин гуна хусусиятҳо дошта, дар озмоишҳо 132,7 сентнер аз 1 гектар ҳосил дод.
Ба ақидаи кормандони бахши кишоварзӣ, барои кишти ҳамасола зиёда аз 40 ҳазор тонна тухмии гандуми навъҳои гуногун лозим аст.
Дар сурати васеъ намудани майдони кишт дар заминҳои обёрӣ аз ҳисоби харидани тухмии хушсифати зироати ғалладона аз 1 гектар метавон на камтар аз 50 сентнер ҳосил ба даст овард.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2023 захираҳои тухмии зироати ғалладона 86 ҳазору 823 тоннаро ташкил медиҳанд, ки 77 ҳазору 663 тоннаш тухмии гандум мебошад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки аз онҳо ҳамагӣ 37 тоннааш (0,04%) тухмии гурӯҳи элита, 3 ҳазору 679 тоннааш (4,24%) - истеҳсоли аввалия, 21 ҳазору 205 тоннааш (24,42%) - истеҳсоли дуюмдараҷа, 25 ҳазору 586 тоннааш (29,5%) - истеҳсоли сеюмдараҷа ва 36 ҳазору 313 тоннааш (41,8%) – тухмии одӣ ё ба истилоҳ тухмии шартӣ мебошад.
Таъмини аҳолӣ бо нон ва маҳсулоти нонӣ яке аз масъалаҳои асосии мустаҳкам гардонидани амнияти озуқавории кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ парвариши тухмии хушсифати зироати ғалладонаро самти афзалиятнок шуморида, ба афзоиши истеҳсоли зироати ғалладона таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Как в Душанбе отметили День основания Саудовской Аравии
Кто выращивает фисташки в Таджикистане и как на них много заработать?
Лидеры Узбекистана и Пакистана договорились нарастить двусторонний грузооборот
Банк «Эсхата» предупреждает: «Осторожно, мошенники»
250 млрд евро в год и 300 тысяч солдат. Именно столько потребуется Европе, чтобы защитить себя без помощи США
Главу Хатлона избрали председателем областного подразделения Федерации футбола Таджикистана
Что такое паназиатская кухня и где в Душанбе ее можно попробовать?
Таджикистан пытается диверсифицировать трудовую миграцию. Эксперты считают, что для этого делается недостаточно
Таджикистанца – водителя упавшего в Мойку автобуса – оштрафовали за фиктивную регистрацию мигрантов
Дональд Трамп объявил о введении «золотых карт» для переезда в США стоимостью около $5 млн
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста