Дар нуҳ моҳи соли равон гандум, ангур ва бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудааст.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳисоботи ин ниҳодро оид ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 6-уми октябри соли 2023 нашр кардааст. Муқоисаи арқоми дар ҳисобот зикрёфта нишон медиҳад, ки истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта камтар будааст.
Аз ҷумла, ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда ба ҳолати 6-октябри соли равон 703 ҳозору 711 тоннаро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳолати 30-сентябри соли 2022 (714 ҳазору 546 тонна) қариб 11 ҳазор тонна камтар мебошад.
Ҷамъварии ангур бошад, қариб як баробар кам шудааст. Агар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 668 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 56 ҳазору 984 тонна баробар будааст. Яъне қариб 45 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли гузашта мебошад.
Ҷамъоварии ҳосилнокии бодиринг низ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 3,5 ҳазор тонна кам будааст – 113 ҳазору 927 тонна. Соли гузашта 117 ҳазору 429 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шуда буд.
Дар хусуси раванди ҷамъоварии ҳар як навъи маҳсулот метавон аз ҳисоботи ин ниҳод маълумоти муфассал пайдо кард.
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ сабаби камтар ҷамъоварӣ гардидани баъзе аз маҳсулотро ба якчанд омил вобаста медонанд.
Яке аз омилҳое, ки бештар ба ин соҳа зарари худро расонид ин хунукии зиёди фасли зимистони гузашта ва якбора гарм шудани ҳаво дар охири фасли баҳор ва аввали тобистони гузашта мебошад. Ин ҳолат ба нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ таъсири бештар расонида, боиси кам гардидан ва гарон шудани як қатор маҳсулот гардид.
Бояд гуфт, ки имсол воқеан дар бозорҳои кишвар нарҳи маҳсулоти камистеҳсолгардида – гандум, ангур ва бодиринг нисбати соли қаблӣ гарон боқӣ монд.
В Китае казнили въехавшего в толпу пешеходов мужчину
В России перестанут действовать иностранные водительские права получивших ВНЖ, РВП или гражданство
Жителя Душанбе задержали по подозрению в наезде на сотрудника ГАИ
Кто и что мешает развиваться таджикскому бизнесу?
Саудовская Аравия окажет помощь 35 тысячам нуждающихся семей в Таджикистане
Таджикская агропродукция выставлена на «зеленой неделе» в Берлине
Футбольная команда из Украины не захотела играть с Таджикистаном из-за России
Первому току Сангтудинской ГЭС-1 исполнилось 17 лет
В Казахстане осудили полицейских за пытки мигрантов во время массовых беспорядков
ХАМАС передал Израилю трех заложниц в рамках договоренностей о прекращении огня
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста