Соли 2023 дар Тоҷикистон ҳосили баланди лимӯ (лимон) ба даст оварда шуд. Содирот нисбат ба соли гузашта 65% афзоиш ёфтааст. Нархи лимӯ низ се баробар боло рафтааст. Албатта, ин барои харидорон начандон хуб аст, аммо ба лимӯпарварон имкон медиҳад, ки зиёни соли гузаштаро бар асари нархи пасти он бароварда созанд.
Сарфи назар аз зимистони душвори соли гузашта, ки дар натиҷа зиёда аз 15% заминҳои парвариши лимӯ аз сардиҳои ғайримуқаррарӣ осеб диданд, соли 2023 ба кишоварзони машғул ба парвариши ситрусиҳо дар ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳосили бесобиқа зиёд ба даст оранд.
Тибқи ҳисобҳои пешбинишуда, истеҳсоли лимӯ метавонад тақрибан 7 ҳазор тоннаро ташкил диҳад, лекин ҳоло маълумоти оморӣ омода нест, зеро Вазорати кишоварзӣ ва Агентии омор айни замон ба коркарди маълумот ва саҳеҳ кардани рақамҳо машғуланд.
Аммо баъзе манбаъҳо ба рақами то 10 ҳазор тонна ишора мекунанд.
Ҳосил ҳам баланду нарх низ
Соли гузашта нархи лимӯ хеле паст буд. Ҳатто нархи чаканаи 1 кило лимӯ то 5 сомонӣ поин рафта, мутаносибан лимӯпарварон зарар диданд.
Имсол намуди лимӯҳо хуб ва калону боллазату шаҳдбор буда, нархи 1 килои он дар бозорҳои пойтахт то 25-30 сомонӣ боло рафт. Дар ҳоле худи истеҳсолкунандагон 1 килои онро яклухт 15-20 сомонӣ мефурӯшанд.
Айни замон дар Тоҷикистон дар майдони зиёда аз 500 гектар лимӯ парвариш карда мешавад. Минбаъд майдони парвариши онро дар Тоҷикистон мехоҳанд боз 300 гектар зиёд кунанд.
Зиёда аз 50% лимӯҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба Қазоқистон, Русия, Беларус ва дигар кишварҳои хориҷӣ содир карда мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 ҳаҷми содироти лимӯ нисбат ба соли пешин 65% афзуда, зиёда аз 2,4 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки лимӯ дар Тоҷикистон асосан бо ду тарз парвариш карда мешавад: дар ҳавои кушод ва гармхонаҳо. Ҳосилнокӣ маъмулан дар гармхонаҳо нисбатан зиёдтар аст.
Дар Тоҷикистон 7 навъи лимӯ парвариш шкарда шуда, маъруфтарин аз онҳо навъи Мейер мебошад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал - аввали моҳи март оғоз гардида, давоми моҳҳои октябр-ноябр ҳосили он пухта мерасад.
Беш аз 80% лимӯ дар Тоҷикистон дар вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Ахиран ба парвариши он муваффақона дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Кӯшониён Кӯлоб, инчунин водии Ҳисор ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд машғуланд.
Чӣ гуна метавон ба тиҷорати лимӯ машғул шуд?
Агар ҷиддӣ машғул шуданӣ бошед, соҳибкорон тавсия медиҳанд, ки корро аз 10 сотих сар кардан лозим аст. Дар ин қитъа 200 бех ниҳол шинонидан имкон дорад. Баъди 2-3 сол мевадиҳии дарахтони лимӯ оғоз мегардад.
Аз як дарахт (ниҳол) ба ҳисоби миёна метавон аз 30 то 70 кило ҳосил ба даст овард ва дар баробари нашъунамои минбаъдаи дарахт, он метавонад то 100 кило ҳосил диҳад.
Ғайр аз ин, барои сохтани гармхона, харидани ниҳол, масолеҳи сохтмон, хок ва ғайра маблағ харҷ кардан лозим меояд. Ҳамзамон метавонед фурӯши ниҳолҳоро ба роҳ монед.
Имрӯз лимӯ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз брендҳо (тамғаҳо)-и миллӣ мебошад. Он бо нозукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биокимиёвӣ фарқ дошта, таъми хос дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, фоидаи пулие, ки аз 1 гектар замини парвариши лимӯ гирифта мешавад, нисбат ба дигар дарахтони мевагӣ 8-10 баробар зиёдтар аст.