Ҳукумати кишвар ба рушди кофӣ - на камтар аз 8% дар соли равон умедворанд. Аз кадом ҳисоб?
Умедворӣ ба бахши хусусӣ
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон зарурати таъмини суръати рушди иқтисодро дар соли 2024 дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад аз ҳисоби “иҷрои босамари барномаву нақшаҳои қабулшуда” таъкид дошт.
Ин ҷо дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаву стратегияҳои мухталиф барои соли ҷорӣ – аз Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 то барномаҳои соҳавӣ сухан меравад.
Ба гуфтаи президент, тайи 7 соли охир рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна 7,5% ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
"Бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории COVID-19, мухолифатҳои тиҷоратӣ ва минтақавӣ, халалдор шудани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ, мо тавонистем, ки дар ин марҳила нишондиҳандаҳои рушдро таъмин намоем”, - гуфт ӯ.
Афзоиши пешбинишуда дар охири соли ҷорӣ ба нишондоди соли гузашта баробар аст, ки дар сохтори он беш аз 40% ба кишоварзӣ ва саноат рост меояд.
Дуруст аст, ки ба рушд соҳаи савдо бештар таъсир расонид.
Президент рушди бахши хусусиро омили асосии рушди иқтисод барои соли 2024 арзёбӣ намуда, дастур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ чораҳо рӯйи даст гирифта шаванд, то ки иқтисоди кишвар барои сармоягузорӣ ҷолиб бошад.
"Ҳукумати кишвар рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба сифати василаи асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кард", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ҳукумат ва мақомоти маҳаллиро вазифадор кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рафъи монеаҳои маъмурию сунъӣ чораҳои саривақтӣ андешанд ва ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббуси соҳибкорон даъват намуд.
Саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди кишвар, тибқи маълумоти расмӣ, аз 49,3% дар соли 2012 то 70% дар соли 2022 зиёд шудааст. Тақрибан 70% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (коршоям)-ро кормандони бахши хусусӣ ташкил медиҳанд. Қариб 80% андозҳо, ки то 70% буҷети давлатии кишварро ташкил медиҳанд, аз бахши хусусӣ пардохт мешавад.
Бо роҳи саноатикунонии босуръат
Тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод, афзоиши иқтисоди кишвар дар соли 2024, пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиши истеҳсолоти саноатӣ (афзоиш 21,2%) пешбинӣ мешавад.
Барои тасаввур кардани суръати афзоиши пешбинишудаи маҳсулоти саноатӣ, хотиррасон кардан кифоя аст, ки соли гузашта ин рақам тибқи маълумоти оморӣ 12%-ро ташкил дод. Ва ин назар ба дигар кишварҳои минтақа чанд баробар зиёдтар аст.
Ҳамин тариқ, ин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон 6%, Қазоқистон - 4,3% ва Қирғизистон - 1,8%-ро ташкил дод. Дар бораи Туркманистон маълумоти расмӣ дастрас нест.
Саноатчиёни тоҷик ният доранд, ки дар соли ҷорӣ бо бунёди иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда бо истифода аз маблағҳои корхонаҳои мавҷуда ва сармоягузории хориҷӣ ба ҳадафи баланд ноил шаванд.
Маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ (маблағгузорӣ ба корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав) аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли оянда дар ҳаҷми 19 млрд сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ - 5,2 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Воридоти сармояи хориҷӣ (мустақим ва қарзу грантҳо) дар ҳаҷми беш аз 1 млрд доллар дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 мақомот интизор доранд, ки то оғози даҳсолаи оянда Тоҷикистони аграрӣ-саноатиро ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ-аграрӣ табдил диҳанд.
Барои расидан ба ин мақсад дар соли 2021 саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ ва солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шудааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир қаблан изҳор дошта буд, ки дар ҷумҳурӣ барои саноатикунонии босуръат тамоми шароитҳо мавҷуданд.
"Дар ин ҷо ҳама шароит муҳайёст, заминаи мақсадноки мавҷудаи кишвар ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои пешбинишуда зуд ва босифат бирасем", - гуфт вазир.
Ӯ мутмаин аст, ки дар зарфи панҷ сол ҳаҷми соҳаи соҳаи саноат ду баробар меафзояд.
Дуруст аст, ки вазир як қатор шартҳоро номбар кард, ки дар асоси онҳо саноатикунонии суръатбахш имконпазир хоҳад буд – беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва муҳити соҳибкорӣ, такмили қонунгузории андоз ва омода кардани кадрҳои баландихтисос.
Дар паёми ахири президент гуфта мешавад, ки тайи солҳои истиқлолият дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. То ба даст овардани истиқлолият, ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 чунин корхона бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият мекард.
Ӯ зикр кард, ки нисбат ба соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,6 маротиба афзуда, дар соли 2023 ба зиёда аз 46 млрд сомонӣ расид.
«Аммо, — гуфт президент, — дар рафти саноатикунонии босуръати кишвар як катор масоили ҳалношуда мавҷуданд, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатпазирии маҳсулот, ҳархеласозӣ (диверсификатсия)-и он, норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос».
Сарвари давлат ба таъмини афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва содироти маҳсулот, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҳархеласозии истеҳсолот, ҷойгиркунии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бунёди маҷмааҳои саноатӣ дастур дод.
Интизориҳои шарикон
Дар ҳамин ҳол, шарикони рушди ҳукумат интизор доранд, ки муҳаррики асосии иқтисод дар соли оянда мисли солҳои қаблӣ бахши истеъмолӣ боқӣ хоҳад монд, ки гардиши пулии он асосан аз ҳисоби интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ таъмин мешавад.
Ҳамин тариқ, дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ки рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон “аз ҳисоби истеъмоли хонаводаҳо, ки аз ҳисоби интиқоли пул ва сармоягузорӣ дар инфрасохтори давлатӣ (қарзҳо ва грантҳо барои тарҳҳои зерсохторӣ - эзоҳи муаллиф) сурат мегирад, таъмин мешавад”.
"Вобастагии зиёд аз манбаи ҳархеланашудаи даромади беруна (аз ҳисоби интиқоли пул) осебпазириро ба таъсири беруна афзоиш дода, муҳити душвори дохилии корӣ ба ташкили алтернативаҳо таҳти роҳбарии бахши хусусӣ монеъа эҷод мекунад", - таъкид месозанд муаллифони гузориш.
Онҳо рушди иқтисоди кишварро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 5% дар назар доранд.
Иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд дар “Дурнамои рушди Осиё” афзоиши бештари иқтисоди Тоҷикистон - 7%-ро пешбинӣ мекунанд. Ин интизориҳо бо “афзоиши талаботи дохилӣ ба мол ва хидматрасонӣ, ки ба он афзоиши интиқоли пул, инчунин вуруди сайёҳон ва муҳоҷирон аз Русия мусоидат мекунанд”, асоснок карда мешавад.
Пешгӯиҳои таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) нисбатан хушбин буда, рушди иқтисоди ҷумҳуриро 7,3% пешбинӣ мекунанд. Инро ба "васеъ кардани иқтидори саноатӣ (дар бахшҳое чун металлургия, энергетика, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ) ва фаъолмандии сармоягузорӣ" нисбат медиҳанд.
Барои муқоиса, коршиносони БАОР дар соли оянда рушди иқтисоди Арманистонро 5,7%, Қазоқистонро – 5%, Қирғизистонро – 4,5%, Беларусро – 2% ва Русияро – 1,5% пешбинӣ кардаанд.
Рушди дунболагир
Маълумот дар бораи рушди баланди иқтисоди Тоҷикистон дар даҳсолаи охир (афзоиши миёнаи солона 7,1%) аз хонандагон вокунишҳои мухталифу баръакс ба вуҷуд меорад: баъзеҳо бо ин рақамҳо роҳи дурусти иқтисодии роҳбарияти кишварро асоснок карданӣ мешаванд, дигарон бошанд, инро боз як далели дурӯғ будани омори расмӣ медонанд.
Аммо коршиносони мустақил таъкид мекунанд, ки рушди баланди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳамсояҳояш дар даҳсолаҳои ахир хусусияти дунболагир дорад. Иқтисодчиён байни худ ин равандро «рушди дунболагир» меноманд, ки он маъмулан дар он ҷое ба амал меояд, ки ақибмонӣ вуҷуд дорад.
Бо забони фаҳмо барои ҳама ин тақрибан ҳамон чизест, ки дар ҷое муддати тӯлонӣ таваққуф карда, аз ин рӯ, аз ҳамсафарони худ хеле ақиб мемонӣ. Баъдан, барои расидан ба ҳамсафарон, лоим меояд, ки бидавӣ, дар ҳоле ки онҳо бо суръати пешина қадам мезананд ва аз эҳтимол дур ҳам нест, ки ту онҳо дарёб карда натавонӣ.
Истифодаи ин мафҳумро нисбати Тоҷикистон иқтисодчиёни мустақил бо он асоснок мекунанд, ки ба далели ҳаводиси маълуми солҳои 90-ум ҷумҳурӣ аз ҳамсояҳои худ хеле ақиб монд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, вақте ки кишварҳои минтақа ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштанд ва ба ин васила иқтисодашонро рушд доданд, дар Тоҷикистон низоъҳои тӯлонии шаҳрвандӣ ҷараён дошта, дар натиҷа, аз ҷумла корхонаҳое, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос монда буданд, ғорат шуданд.
Қобилияти иқтисодиёти ин ё он кишвар, ба назари коршиносон, бояд аз рӯи ҳаҷм ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ арзёбӣ шавад. Ва аз рӯи ин нишондодҳо Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ниҳодҳои молии байнулмилалӣ онро минтақаҳои рӯ ба тараққӣ (ба маънои рушднакарда ё камбизоат) тасниф мекунанд, дар ҷои охирин қарор дорад.
ММД Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 12 млрд долларро ташкил дода, ММД-и Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа имконоти маҳдуди иқтисодӣ дорад, ба 11,5 млрд доллар расид. Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон 10,1 млн нафар ва Қирғизистон - каме бештар аз 7,1 млн нафар аҳолӣ дорад. Мутаносибан ММД Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 1188 доллар ва ММД Қирғизистон - 1643 долларро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои аввал
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон дар моҳи аввали соли ҷорӣ дар сатҳи 8,1% таъмин шуд, вале то ҳол камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
«Фаъолияти ҳукумат дар ин раванд ҳоло ҳам нокифоя аст», - гуфт ӯ.
Президент зикр кард, ки 1,2% коҳиши суръати рушди бахши кишоварзӣ, 1,8% - саноати коркард, 14,9% - таъмини неруи барқ ва 1,6% - саноати сохтмон ба мушоҳида расид.
Ба гуфтаи ӯ, суръати рушди истеҳсолоти саноатӣ 6%-ро ташкил дод. Барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки “ҳарчи зудтар камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳоро бартараф кунанд”.
Аз ҷумла, ба Вазорати саноат супориш дода шуд, ки аз қатъи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва коҳиши истеҳсоли маҳсулот пешгирӣ карда, истифодаи пурсамари иқтидорҳои мавҷударо таъмин созад.
Сарвари давлат бо зикри пешрафти назаррас дар соҳаи энергетика, ҳаҷми талафоти неруи барқ ва вазъи ҷамъоварии маблағ барои истифодаи онро нигаронкунанда номид.
Дар бахши кишоварзӣ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба саривақт анҷом додани кишти баҳорӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, васеъ намудани майдони кишти такрорӣ, истифодаи оқилона ва самараноки ҳар ваҷаб замин, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ва 3-4 ҳосил гирифтан аз заминҳои обӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, барқарор намудани соҳаи тухмипарварӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти барвақтӣ, бунёди иншооти зерсохтор ва марказҳои логистикӣ ва дарёфти бозорҳо барои фурӯши маҳсулот зарур аст.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати коҳиш додани монеаҳо дар ҳамлу нақл ва транзити молу маҳсулот, ташкили озмоишгоҳҳои муосири дорои аккредитатсияи байналмилалӣ, эътирофи гувоҳномаҳои маҳсулот дар хориҷи кишвар, мутобиқ гардонидани бастабандӣ ва тамғагузории маҳсулот ба талаботи муосир чораҳо андешида шавад.
Ба Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки ҷиҳати саривақт ва босифат амалӣ намудани лоиҳаҳои таъмиру навсозии роҳҳо, рақамикунонии соҳа ва роҳандозии назорати доимӣ аз болои риояи меъёрҳои дар соҳаи боркашонӣ муқарраршуда, инчунин зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ бо роҳи оҳан дар қаламрави вилояти Хатлон чораҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамчунин бояд ҷиҳати роҳандозии хатсайрҳои боркашонӣ (карго) миёни Тоҷикистон ва кишварҳои шарик, боз кардани хатсайрҳои нав ва тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Сарвари давлат аз паёмадҳои тағйири иқлим ёдовар шуда, таъкид кард, ки тирамоҳи соли гузашта ва зимистони имсола амалан бебориш гузашт, ки ин ба бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар робита ба ин, ӯ дастур дод, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои хушксолӣ ва дигар омилҳои номатлуб чораҳо андешида шуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушд дар соли 2024 аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода шавад.