Чин тасмим гирифт, ки афзалиятҳои барномаи “Як камарбанд – як роҳ”-ро бознигарӣ намуда, аз лоиҳаҳои ҷубронашон мушкил даст кашад ва ба иқтисоди нав тамаркуз кунад. Тамдиди муноқиша дар навори Ғазза метавонад ба паёмадҳои ҷиддии иқтисодӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ боис гардад. Дар Русия бошад, мехоҳанд назоратро болои муҳоҷирати меҳнатӣ шадидтар кунанд.

Форуми ҷашнӣ дар Пекин: як камарбанд ва як роҳ барои ҳама

Яке аз рӯйдодҳои асосии ҳафтаи гузашта сеюмин Форуми ташаббуси “Як камарбанд - роҳ буд”, ки рӯзҳои 17-18 октябр дар Пекин баргузор шуд ва ба 10-умин солгарди ин иқдом бахшида шуд. Ба форум ҳайатҳои беш аз 130 кишвари ҷаҳон ва намояндагони 30 созмони байналмилалӣ даъват шуданд.

Ба навиштаи «Известия», яке аз меҳмонони асосии форум Владимир Путин буд; ҳамчунин, Толибон низ даъват шуданд, ки ҳайати онҳо дар бораи пайвастани Афғонистон ба ин ташаббус музокира мекунанд.

Сурат: CHN

Дар тӯли даҳ сол Чин дар кишварҳои камбизоат, ки ба барномаи “Як камарбанд - як роҳ” пайвастаанд, барои бунёди роҳу пулҳо ва сарбандҳо 1 триллион доллар сарф кардааст.

Ёдрас мекунем, ки ташаббуси стратегии “Як камарбанд – як роҳ” аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 пешниҳод шуда буд. Ба навиштаи “Коммерсант”, ҳадафи аслӣ эҷоди зерсохтори ҷаҳонии транзитӣ ва нақлиётӣ таҳти сарпарастии Чин мебошад.

Ба назари Чин, ин ба муттаҳид намудани роҳҳои тиҷорати заминӣ ва баҳрӣ имкон медиҳад, то ки молу маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Ховари Миёна ва Аврупо зуд ва арзон расонида шавад.

Барои ин муттаҳид намудани ду лоиҳа – «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим», ки якчанд долонҳои иқтисодиро дар бар мегирад ва «Роҳи баҳрии Абрешими асри XXI» пешниҳод мешавад.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 150 кишвари ҷаҳон дар чаҳорчӯби ин барнома бо Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Аслан Чин ба ин тариқ кӯшиш дорад, ки барои рушди минбаъдаи иқтисоди худ, ки ба содироти молуҳои саноатии Чин ба хориҷа асос ёфтааст, шароити мусоид фароҳам оварад.

Мушкил сари он аст, ки солҳои охир арзиши аслии молҳои Чин пайваста боло рафта, фурӯши онҳоро дар бозорҳои хориҷӣ душвор месозад ва самаранокиву даромаднокии иқтисоди Чинро коҳиш медиҳад.

Дар робита ба ин, идеяи “Як камарбанд - як роҳ”, аз як тараф, дар таъмини дастрасии мустақими корхонаҳои Чин ба захираҳои маъдан (минерал) дар хориҷа; аз тарафи дигар, дар таъмини мустақим ва арзони расонидани молҳои Чин ба бозорҳои хориҷӣ ифода меёбад.

Ин метавонад рақобатпазирии онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ тақвият бахшида, устувории иқтисоди Чинро дар даҳсолаҳои оянда таъмин кунад.

Сурат аз сомонаи stranabolgariya.ru

Масалан, ҳозир муҳлати миёнаи интиқоли бор бо роҳи баҳрӣ аз Чин ба Аврупо 45-60 рӯзро ташкил медиҳад; ташабббускорон бар ин назаранд, ки дар сурати татбиқи муваффақонаи лоиҳа ин муҳлат то 10 рӯз кам шуда, хароҷот ба интиқоли борро ба таври назаррас кам мекунад.

Гумон меравад, ки кишварҳои шарик низ бурд мекунанд, зеро аз бонкҳои Чин барои рушди зерсохтори роҳу нақлиёти худ қарз мегиранд; илова бар ин, давлатҳое, ки дар долонҳои нақлиёт ҷойгиранд, дар оянда аз транзити мол тавассути қаламрави худ даромад хоҳанд гирифт.

Аммо камбудиҳои ҷиддӣ ҳам ҳастанд, ки дар давоми ин даҳ сол ба миён омаданд — вуруди моли арзони Чин ба пешрафти саноати маҳаллӣ, ки ба рақобат тобовар нест, монеъа эҷод мекунад.

Сониян, қисми зиёди кишварҳои шарик имкони бозпардохти қарзҳои гирифта аз бонкҳои Чинро надоранд, ки ин онҳоро ба вобастагии афзояндаи қарзӣ аз Чин дучор карда, дар оянда метавонад хусусияти сиёсӣ ва низомӣ пайдо кунад.

Ҳоло қарзи беш аз 40 кишвари дорои даромади паст ва миёна ба Чин зиёда аз 10%-и ММД-и онҳоро ташкил медиҳад ва маблағи воқеии қарз метавонад аз омори расмӣ бамаротиб бештар бошад.

Аммо, тавре ҳозир маълум мешавад, барои Чин низ ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” кори душвор ва серхароҷот шуд. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар ин давра ҳудуди 1 триллион долларро ташкил дод, аммо иқтисоди Чин то ҳол аз онҳо даромади воқеӣ нагирифтааст.

Бисёре аз лоиҳаҳо ҳам барои сармоягузорон ва ҳам барои мақомоти маҳаллӣ зиёновар шуданд, ки дар натиҷа аксар вақт онҳоро ҳатто барои пардохти қарз гирифтан фоидаовар нест.

Дар натиҷа, Чин маҷбур аст, ки қисмате аз қарзҳои кишварҳои иқтисодашон заифро аз эътибор соқит кунад; ба навиштаи ВВС, дар се соли охир қариб 100 миллиард доллар (яъне 10% аз маблағҳои сармоягузорӣ)-и қарзҳо аз эътибор соқит ё таҷдиду бознигарӣ шуданд.

Ба иттилои Интерфакс, дар давраи солҳои 2000-2019 Чин 3,4 млрд доллар қарзҳои танҳо кишварҳои африқоиро аз эътибор соқит карда, боз 15 млрд доллар дигар қарзҳо бозбинӣ ё аз нав маблағгузорӣ шуданд. Илова бар ин, татбиқи барнома ба пайдо шудани 385 млрд доллар қарзҳои пинҳонӣ дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна боис гардид.

Тавре нашрия менависад, бисёр кишварҳо мунтазам ӯҳдадориҳои молиявии худро дар назди Чин - ба ҳисоби миёна 6%-и кам аз ММД арзёбӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин хароҷот пеш аз ҳама ба иқтисоди Чин меафтад, ки аллакай аз оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии пандемияи COVID-19 ба душворӣ дучор шуда буд.

Дар ин робита, форуми ҷашнии ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» дар назди худ як қатор ҳадафҳои возеҳу равшанро мегузорад.

Аввалан, барои роҳбарияти Чин ин як сабаби дигари посух ба интиқодгарони ташаббус ҳам дар дохили Чин ва ҳам дар хориҷи кишвар ва таъкиди хусусияти мусбат ва самаранок доштани он мебошад.

Сониян, ин фурсати таъкид аст, ки Ташаббус давом дорад ва роҳбарияти Чин онро минбаъд низ дар амал татбиқ мекунад.

Сеюм, тавре ки ВВС таъкид мекунад, дар шароити нав ин далели хубе барои эъломи як қатор тағйироти сохторӣ дар татбиқи ташаббуси стратегӣ мебошад.

Аз ҷумла, Чин тасмим гирифтааст, ки афзалиятҳои барномаи “Як камарбанд - як роҳ”-ро бозбинӣ карда, аз тарҳҳои ҷубронашон мушкили нақлиётӣ/инфрасохторӣ даст кашад ва ба иқтисоди нав: хадамоти рақамӣ, савдои интернетӣ, алоқа, энергетикаи сабз ва нақлиёт тамаркуз кунад.

Ба ин тариқ, афзалиятҳо ба истилоҳ ба "иқтисоди нарм" мегузаранд, ки бояд "дар пешбурди арзишҳои Чин дар муқоиса бо арзишҳои ғарбӣ муассиртар бошанд".

Танҳо муайян кардан лозим аст, ки чӣ тавр мебояд ин корро анҷом дод ва мафҳуми "арзишҳои чинӣ"-ро чӣ гуна мебояд фаҳмид. Ба андешаи ман, ба эҳтимоли зиёд дар бораи дарёфти роҳҳои асосноккунии минбаъд ҷорӣ намудани низоми иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ» сухан меравад.

Нишаст дар Қоҳира: ҷанг пешгирӣ карда шавад

Ҳафтаи гузашта, 21 октябр дар Қоҳира бо ташаббуси Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, президенти Миср, оид ба вазъ дар навори Ғазза нишасти байналмилалӣ баргузор шуд.

Ба гузориши “Ведомости”, дар он намояндагони беш аз 30 давлат ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд.

Нишаст дар Қоҳира
Сурат: Reuters

Ҳадафи расмии ин нишаст таҳияи тадбирҳо барои кумак ба фаластиниён ва оташбас миёни Исроил ва Ҳамос унвон шуд.

Онҳо ҳамчунин дар бораи зарурати таҳияи як “харитаи роҳ”, ки ба истиқрори оташбас имкон дода, ба “таъсиси давлати Фаластин” оварда расонад, табодули назар карданд.

Дар ин ҳамоиш ба ҷуз аз раҳбарони давлатҳои араб, намояндагони СММ, Шӯрои Аврупо, Бритониё, Юнон, Туркия, Кипр, Италия ва Русия ширкат доштанд. Абдулфаттоҳ Сисӣ дар ифтитоҳи ин ҳамоиш ҳамлаи Исроил ба навори Ғаззаро “амали муҷозоти дастаҷамъӣ” номид ва ҷомеаи ҷаҳониро барои “хомӯшии глобалӣ” маҳкум кард.

Бо сабаби ихтилофҳои ошкорои усулӣ байни иштирокчиёни он, дар назари онҳо оид ба муноқишаи Фаластину Исроил, нишаст бенатиҷа анҷом ёфт. Ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, аксари кишварҳои арабӣ бо мавқеъи Ғарб дар мавриди масъул будани Ҳамос ба авҷ гирифтани низоъ, ки дар Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Исроил созмони террористӣ эътироф шудааст, розӣ нашуданд.

Дар навбати худ, намояндагони кишварҳои ғарбӣ баёнияи ниҳоии нишастро имзо накарданд, ки дар он ҳуқуқи Исроил ба дифоъи худаш зикр нашудааст.

Гирдиҳамоии эътирозӣ ба дастгирии Фаластин. Қоҳира
Сурат: reuters

Чанде пеш аз ин нишаст тавассути Миср ба ҷануби навори Ғазза нахустин кумаки башардӯстона ворид шуд.

Дар СММ зикр карданд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои мардуми ин қисми Фаластин дар як рӯз ҳудуди 100 мошини боркаш бо кумакҳои башардӯстона лозим аст, аммо мақомоти Исроил ба гузаштани корвон монеъа эҷод намуда, пешакӣ шарт гузоштанд, ки гаравгонҳои исроилии Ҳамос, ки аз рӯзи аввали муноқиша дар асорат қаро доранд, озод карда шаванд.

Ба ин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи кӯшишҳои бо роҳи осоишта ҳал кардани муноқиша ва пешгирии ҷанги дар ҳоли вустъатёбӣ қарордоштаи арабу исроилиҳо барор нагирифтанд.

Ҳарду ҷониб, ҳам Исроил ва ҳам Ҳамос, ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи зӯрӣ ҳастанд ва мавқеъи онҳо аз ибтидо комилан мухолиф аст.

Ин ҷо мавқеи давлатҳои арабро зикр кардан бамаврид аст, ки онҳо аксаран вусъат ёфтани ҷангро намехоҳанд, лекин маҷбуранд афкори ҷамъиятии кишварҳояшонро, ки рӯҳияи шадиди мухолифи Исроилро доранду аз Ҳамос дастгирӣ мекунанд, ба инобат гиранд.

Дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба бемористон дар Ғазза вазъият шиддат гирифт; ҳоло дар ҷаҳони мусулмонӣ, сарфи назар аз чӣ гуна шудани натиҷаҳои тафтишоти фоҷеа дар бемористон, эътиқоди бартаридошта ин аст, ки Исроил гунаҳкор мебошад.

Ҷаҳони ислом ва афкори умум чизи дигареро шунидан намехоҳад ва ин роҳбарони давлатҳои Ховари Миёнаро маҷбур месозад, ки гуфторашонро тағйир дода, мавқеи худро нисбат ба Исроил сахттар кунанд.

Зимнан, давлатҳои минтақа ва хамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмуъ зарурати пешгирии ҷанги тӯлониро дарк мекунанд.

Навори Ғазза
Сурат: AFP

Минбаъд ҳар гуна кашол ёфтани низоъ ба муддати тулонӣ (ҳатто бидуни авҷ ва вусъати он) метавонад ба иқтисоди ҷаҳон оқибатҳои ҷиддӣ ба бор оварад.

Ин ҷо пеш аз ҳама, дар бораи болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ сухан меравад, ки ҳар дафъа бо оғози низои мусаллаҳона дар Ховари Миёна сурат мегирад.

Масалан, ҷанги арабу исроилиҳо дар соли 1973 ба он оварда расонд, ки дар тӯли ҳафт соли оянда нархи 1 баррел аз 17 то 104  доллар боло рафт; он бо оғози таназзули иқтисоди ҷаҳон дар соли 1980, поинравии нави нархи нафт ба охир расид, ки дар ниҳояти кор, аз бисёр ҷиҳат ба фурӯпошии Иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) оварда расонид.

Ҳозир дар матбуот ва ҷомеаи коршиносӣ ақидае роиҷ аст, ки болоравии қимати нафт барои Русия, Арабистони Саудӣ, Эрон ва дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт судманд хоҳад буд.

Воқеан, дар муддати кӯтоҳ ворид шудани долларҳо аз фурӯши нафт ба буҷети онҳо дар назар аст; аз ҷумла, ин ба Маскав кумак мекунад, ки поинравии қурби рублро боздошта, ҳатто маблағгузорӣ ба амалиёти низомӣ дар Украинаро зиёдтар кунад.

Аммо, дар асл, ҳама чиз он қадар одӣ нест; аввалан, дар давраи дарозмуҳлат якбора болоравии нархи нафт ба як қатор омилҳои манфӣ, аз қабили афзоиши таваррум, болоравии нархи ғизо, амвол, нақлиёт, кам шудани даромади корхонахои саноатӣ ва ғайра боис шуда метавонад.

Бахусус барои тиҷорати хурду миёна ва бахши хидматрасонӣ, ки дар иқтисоди кишварҳои пешрафта ва ҳам дар ҳоли рушд қарордошта нақши муҳим доранд, душвор хоҳад буд.

Дар ниҳояти кор ин хароҷот тамоми таъсири мусбати қиматшавии сӯзишвориро барои кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт “ба худ мегирад”, зеро афзоиши буҷети онҳо таваррум ва паст шудани сатҳи зиндагии аҳолиро ҷуброн карда наметавонад.

Сониян, болоравии нархи нафт ва дигар захираҳо ба саноати кишварҳои пешрафта зарба зада, боз ҳам некӯаҳволии кишварҳои ҷаҳони сеюмро, ки барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони иқтисодӣ болишти молӣ надоранд, коҳиш медиҳад.

Дар натиҷа, тавре ки таърихи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, болоравии нархи сӯзишворӣ ​​дар ниҳоят ба таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва бесуботии сиёсӣ оварда мерасонад.

Тасодуфӣ нест, ки силсилаи инқилобҳои ранга дар саросари ҷаҳон аз соли 2004 то соли 2011 маҳз ба давраи гаронии нархи сӯзишворӣ ​​дар ҷаҳон рст омад.

Бо дарки ин кишварҳои сеюм — сар аз давлатҳои ғарбӣ то давлатҳои араб - барои пешгирии  тавсеъа ва тӯлонӣ нашудани муноқиша ва дарёфти ягон хел созиш  мехоҳанд ҳамаҷониба кӯшишҳои имконпазирро роҳандозӣ кунанд.

Мутаассифона, чуноне ки нишаст дар Қоҳира нишон дод, то ҳол бидуни ягон комёбиву пешравӣ.

Назорат пурзӯр шавад: муҳоҷирати корӣ дар Русия

Дар ҳамин ҳол, дар Русия тайи чанд рӯзи ахир мавзӯи муҳоҷирони корӣ бори дигар дар меҳвари таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор гирифтааст.

Сафарбарӣ
Сурат аз торнамои newspostrussia.ru

Пеш аз ҳама, ба иттилои Газета.ру, изҳороти раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки дар он ӯ хостори ҷалби шаҳрвандони нав барои ширкат дар амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина шуд ва барои саркашӣ нмудан - маҳрум кардан аз шаҳрвандиро пешниҳод кард, дар ҷомеа вокуниш ба бор овард.

Илова бар ин, Бастрикин аз таъсиси профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ пуштибонӣ кард. Вай ҷорӣ кардани тартиби ҳатмии гирифтани симкорти Русияро ҳангоми вуруд ба Русия бо ӯҳдадории истифодаи он ҳангоми таъсиси ҳуҷра (кабинет)-шахсии муҳоҷир дар портали Госулуги (Хадамоти давлатӣ) мувофиқи мақсад медонад.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ сабти ҳатмии изи ангуштони ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ гузаронида шавад.

Ба навиштаи нашрия, Бастрикин ҳамчунин гуфтааст, хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аксар вақт аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Аз ин рӯ, "баррасии афзалият додан ба афроди шаҳрвандиро гирифта барои иштирок дар вазифаҳои амалиёти махсуси низомӣ бамаврид мебуд".

Ба ибораи дигар, азбаски шаҳрвандони нав кӯшиш мекунанд, ки аз хизмати ҳарбӣ гурезанд, онҳоро бояд ҳарчи бештар ба сафарбарӣӣ ҳарбӣ фаро гирифтан лозим аст.

Изҳороти Бастрикин дар пасманзари афзоиши нашри матлабҳо дар расонаҳои Русия дар бораи зиёдшавии ҷиноят миёни муҳоҷирони корӣ, аъмоли ғайриқонунии онҳо ва ғайра садо дод.

Ҳамин тариқ, матлабҳо дар бораи муҳоҷирони наврас дар Самара, ки ҳамсолони худро латукӯбу ғорат ва губернатори вилояти Самараро ошкоро таҳқир мекарданд, вокуниши хосса ба бор овард. Тавре «Взгляд» хабар медиҳад, сухан дар бораи ду бародар - зодагони Тоҷикистон меравад, ки калонӣ ба ҳабс гирифта шуда, хурдӣ аз Русия истирдод мешавад.

Муҳоҷирони корӣ
Сурат: РИА Новости

Ҳафтаи гузашта, тавре ки нашрияи «Московский комсомолец» хабар дод, аз ҷониби раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба умури миллатҳо Геннадий Семигин (фраксияи «Справедливая Россия - За правду») низ изҳороти пурсарусадо нашр шуд.

Ба ақидаи ӯ, ба Русия маконҳо (иттиҳодияҳо)-и муҳоҷирон ва ибодатгоҳҳои ғайриқонунӣ, ки дар онҳо исломи тундгаро таблиғ мешавад, таҳдид мекунанд.

Ба ақидаи Семигин, хатари калонтарин аз қисматҳо (иттиҳодияҳои)-и этникӣ бармеояд, ки дар он ҳама равандҳо аз ҷониби қабилаҳо (кланҳо) роҳбарӣ мешаванд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки қаблан пешниҳод карда буд, ки феҳристи чунин маҳаллаҳо бо нишонии дақиқ ва таркиби сокинони онҳо таъсис дода шавад.

Илова бар ин, вакили порлумон иддао дорад, ки аз 250 то 450 ҳазор нафар фарзандони шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия кӯчидаанд, ба мактаб намераванд.

Ин ҳама метавонад аз он гувоҳӣ диҳад, ки мақомоти Русия ният доранд, ки дар ояндаи наздик назорат бар муҳоҷирати корӣ дар ин кишварро пурзӯр карда, низоми сабти номи қатъитари муҳоҷиронро зимни вуруд ба Русия ҷорӣ кунад.

Ин ба мақомот имкон медиҳад, ки аз фаъолшавии эҳтимолии иҷтимоию сиёсии муҳоҷирони корӣ дар пасманзари мушкилоти афзояндаи иқтисодӣ пешгирӣ кунанд.

Аз тарафи дигар, баҳисобгирӣ ва назорати қатъӣ ба мақомот имкон медиҳад, ки ҳам дар байни «шаҳрвандони нав» ва ҳам миёни дигар муҳоҷирони корие, ки шаҳрвандии миллиашонро нигоҳ доштаанд, маъракаи сафарбарӣ ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ ва тибқи қарордодро бештар муваффақона гузаронанд.
Сурат: ТАСС

Қонунгузорони Русия ният доранд ба моддаи 22-и Қонун «Дар бораи шаҳрвандии Русия» тағйироти дахлдор ворид кунанд, ки ба мақомот ҷиҳати аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани хориҷиёни шаҳрвандиро дарёфта дар ҳолати саркашӣ кардани онҳо аз хидмати ҳарбӣ имкон медиҳад.

Тавре вакили Думаи давлатӣ Дмитрий Кузнетсов гуфтааст, "вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки дар кишвари мо бояд ба кор дар самти такмили сиёсати муҳоҷират тақвият бахшида шавад".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.