Дар соли 2024 ҳаҷми воридоту содирот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон ва баръакс нисбат ба соли 2023 қариб 100 ҳазор доллари ИМА зиёд шудаааст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот байни онҳо ба 601,3 ҳазор доллар расид. Ин нишондиҳанда дар соли 2023-юм 502,3 ҳазор доллар баробар буд.
Дар ин бора Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Оҷонсии омори Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, аз вилояти Суғд ба Қирғизистон ба маблағи 456,6 ҳазор доллар молу маҳсулот содир шуда, аз Қирғизистон ба Суғд ба мабалағи 144,7 ҳазор доллар маҳсулот ворид шудааст.
“Соли 2023-юм содирот 346,7 ҳазор доллар ва воридот 155,6 доллар баробар буд”, - гуфт ӯ.
Сардори омори вилоят гуфт, соли 2023 молу маҳсулоти воридотию содиротӣ миёни Суғд ва Қирғистон ҳамагӣ ду номгӯй қувваи барқ ва обгармкунакҳои барқӣ буд, вале дар соли 2024 ба гардиши молҳои воридотию содиротӣ автомомошинаҳо боркаш ва гидроаксиди натрий (воридотӣ) илова гардид.

Қобили зикр аст, ки коҳиши ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муддати 4 сол баъди муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои наздимарзӣ дар охири моҳи апрели соли 2021, ки дар ҷараёни онҳо аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд, идома дошт.
Аз ҳамон вақт сарҳади байни ин кишварҳо бо масофаи 970 километр баста боқӣ мемонад. Гардиши молу маҳсулот миёни давлатҳо тариқи қаламрави кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) сурат мегирад.
Ҳаҷми савдо байни кишварҳо дар зарфи се сол зиёда аз се баробар - аз 37 млн доллар дар соли 2020 то 12 млн доллар дар соли 2023 поин рафт.
Ҳоло баъди гуфтушунидҳо дар робита ба маълум кардани хатти марзи ду кишвар, ки дар соли 2024 якбора зиёд шуд, додугурифт ҳам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 9 моҳи соли гузашта зиёда аз 9,1 млн долларро ташкил дод, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 23,5% зиёдтар мебошад.
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон асосан риштаи пахта, сементи портланд, маснуоти алюминий, инчунин меваҳои донакдор интиқол дода мешуд.
Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, шиша, ангиштсанг ва брикетҳо, семент ва ғайра ворид карда мешавад.
Бадахшанский рай: Памирскому ботаническому саду - 85 лет
Мухаммад Наимов получил нового соперника на турнир UFC Baku
Школьникам Таджикистана сообщили, когда они уйдут на летние каникулы
В России 81% детей мигрантов получили отказ в участии в тестировании по русскому языку
Федерация футбола Таджикистана усиливает контроль за финансами клубов высшей лиги
Врач года рассказала, как в Таджикистане скоро будут помогать людям с витилиго
Индекс человеческого развития-2025: Таджикистан посередине
Платежные средства в Таджикистане в основном всё ещё используют для снятия наличности
Принципиально иная альтернатива: как таджикский бизнес собрался в одном клубе ради общего будущего
Казвин и Худжанд могут стать городами-побратимами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста