Дар Душанбе гумонбар ба қатли модару духтар боздошт шуд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар яке аз ноҳияҳои пойтахт рух додааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 11-уми март ҷасадҳои зани 56-сола ва духтари 34-солааш, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз манзили истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо ҷароҳатҳои бурандаву халанда, дарёфт карда шуданд.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии созмондодашуда вобаста ба ҷинояти куштори зикргардида марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.