Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсупова иттилоъ дод, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сокинони деҳа ба макони бехавф кӯчонида шуда, онҳо бо маводи ғизойӣ, асобу лавозимоти зарурии рӯзгор, доруворӣ ва кумаки тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Гузориши телевизиони СМ-1 аз макони ҳодиса.

Рӯзҳои ахир бар асари боришоти шадид дар минатқаи шимоли кишвар якчанд офатҳои табиӣ рух доданд. Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани 10 хона шуд.

Рӯзи дигар дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ҷасади марди 57-солаи сокини маҳаллӣ дарёфт шуд, ки дар кӯҳ ба чаронидани чорво ва ҳезумчинӣ машғул буда, пас аз фаромадани сел дигар ба хона барнагаштааст.

Ноҳияи Ашт низ аз ин гуна офатҳо дар канор намонд. Ин гузориш низ аз ҷониби шабакаи телевизионии СМ-1 наворбардорӣ шудааст.