Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шаби гузашта барфи бошиддат борид, ки ин кишоварзони вилоятро ба ташвиш овард.
Дар натиҷа боғу зироатҳо, аз ҷумла, помидор, картошка, лӯбиё ва ғайра зери барф монда, эҳтимоли хунук задани онҳо вуҷуд дорад.
Ҷамшед Рауфов, директори Институти зироатпарварии назди Академияи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ин барф ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.
“Ман ҳоло дақиқ гуфта наметавонам, ки ба кадом намуди зироатҳо чӣ зарар мерасонад. Мо имрӯз олимони соҳаҳои боғпарварӣ ва зироаткориро даъват кардаем, то барои деҳқонону боғпарварон тариқи телевизион маслиҳат бидиҳанд, ки дар чунин ҳолат барои наҷоти ҳосил чӣ бояд кард. Аммо як нуктаро гуфта метавонам: барои он хоҷагиҳое, ки аллакай кишти пунбадонаро ба анҷом расонданд, эҳтимоли гузарондани кишти такрорӣ ба миён меояд. Албатта, ин ба кишоварзон зарари калон мерасонад. Кишти пунбадона аллакай дар садҳо гектар заминҳо ба анҷом расидааст”, - гуфт Рауфов.
Ҳамчунин ба сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур барои шарҳи вазъи баамаломада муроҷиат кардем. Мутаассифона, ин шахси масъул аз суҳбат худдорӣ карда, гуфт: “Имрӯз мутахассисони мо тариқи телевизиони вилоят баромад мекунанд” ва гӯширо гузошт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода дар як суҳбати телефонӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Тибқи супориши раиси вилоят, вазъият мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Мо фикр карда истодаем, ки чӣ гуна ба деҳқонон барои наҷоти ҳосилашон маслиҳатҳои амалӣ дода метавонем”.
Як масъули дигари соҳаи кишоварзӣ изҳор дошт: “Мувофиқи маълумот, имрӯз ҳарорати ҳаворо “плюсовой” додаанд. Агар ҳамин хел бошад, умед дорем, ки зарар на он қадар ҷиддӣ хоҳад шуд”.
Сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Бохтар Насрулло Файзуллозода гуфт, ки дар ағбаҳои қаламрави вилоят вазъ ором аст ва ҳаракати нақлиёт қатъ нашудааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/280723/photo_2020-04-09_09-56-04.jpg)
“Аз дирӯз, 8-уми апрел ҳамаи кормандони зерсохторҳои мо дар шаҳру ноҳияҳое, ки дар қаламравашон ағбаҳо ҳаст, дар ҳолати омодабоши шабонарӯзӣ қарор доранд. Дар ағбаҳо аз сабаби он ки ҳарорати ҳаво то дараҷае гарм аст, барф тез об шуда истодааст. Бо чунин шиддате, ки барф борид, агар ҳарорати ҳаво аз “0” поин мешуд, эҳтимоли яхбандӣ ё қатъи ҳаракати нақлиёт буд. Ба ҳар сурат мутахассисон бо техникаҳои зарурӣ дар ағбаҳо навбатдорӣ карда, роҳҳоро аз барф тоза мекунанд”, - иброз дошт Файзуллозода.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар қаламрави вилоят ягон ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Жасмин Ан-Нимр: от министерства финансов Таджикистана до чемпионата мира по бодибилдингу
Саудовский фонд развития выделит $30 миллионов на строительство кольцевой дороги в Кулябе
В России готовят закон о разрешенных и запрещенных именах для детей. В Таджикистане такой есть
МИД Таджикистана: «Вопрос дороги в Ворух и водных объектов все еще находится на стадии обсуждения»
WARPOINT - первый VR-парк в Таджикистане, который погрузит вас в реальный виртуальный мир
Трамп: «Однажды Украина может стать частью России. А может и не стать»
Солеха Холмахмадзода: Таджикистан укрепляет сотрудничество с Россией по вопросам трудовой миграции
Глава «Барки Точик» подтвердил, что предложил повысить тарифы на электроэнергию
Глава Минтруда: Таджикистан расширил направления трудовой миграции
Выиграй электромобиль мечты в Мега Турнире 2.0 от БК «Рахш»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста