Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки дар натиҷа 5 нафар ҳалок шуд.
Дирӯз дар ноҳияи Данғара автомашинаи “Тойота-Кемри”-и Далер Раҳмонови 23-сола ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа мусофири он ҳалок шуд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронанда ва боз се мусофири дигари он дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе - Кӯлоб автомашинаи “Опел Астра” таҳти идораи сокини 71-солаи пойтахт Нуралӣ Ҳикматуллоев бо дигар автмашинаи “Опел”, ки онро сокини 41-солаи Кӯлоб Шарифхон Ғоибов идора мекард, бархӯрда, дар натиҷа ҳар ду ронанда ҳалок шудаанд.
Сокини 24-солаи ноҳияи Варзоб Нурмуҳаммад Баҳодуров рӯзи якшанбе зимни ҳаракат аз Варзоб ба Душанбе аз уҳдаи идораи автомашинаи худ - “ВАЗ-21015” набаромада, ба панҷараи бетонӣ бармехӯрад, ки дар натиҷа духтарчаи 1-солаи дар дохили автомагшина қарордошта ба ҳалокат мерасад.
Рӯзи 26 сентябр ронандаи “БМВ”, сокини ноҳияи Ҷайҳун Қурбоналӣ Каримов дар қаламрави шаҳраки Панҷи Поён Ойишамоҳ Тошеваро бо автомашина пахш мекунад, ки дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҳалок мешавад.
Тибқи маълуомти ВКД, давоми 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 472 ҳодисаи садамаи нақлиёт сабт шуда, бар асари онҳо 159 кас ҳалок ва 537 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Инвестор Alif Capital Хофиз Шахиди вложил $2 млн в стартап Zypl.ai
Fars: Вдова Али Хаменеи Мансуре Ходжасте жива
Семь человек задержаны по подозрению в контрабанде 100 кг наркотиков из Афганистана в Таджикистан
«Назначение ректора не согласовали с нами». Москва приостановила финансирование РТСУ
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 марта 2026 года
Что делать, если больше не хватает сил держать рузу?
Навруз начинается дома: 5 брендов таджикского декора для праздничного интерьера
Таджикский уролог, работающий в Турции, представил научный прорыв в диагностике рака простаты
Кто и сколько получил за теракт в Крокусе? Подробный приговор по всем 19 осужденным
Житель Деваштича приговорён к 19 годам тюрьмы за убийство отца
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста