Падару модар, бародару амак ва ҳамсару хушдомани ду гумонбари ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскавро мақомоти интизомии Тоҷикистон даъват ва бозпурсӣ кардаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо пайвандони гумонбарони боздоштшуда суҳбат кардаанд.
Саидакрам Раҷабализода
Ба навиштаи ин расона, Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ), яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, ки ҳангоми боздошт кормандони мақомоти Русия як гӯшашро бурида, ба хӯрдани он маҷбур карданд, аз шаҳри Ваҳдат будааст.
Бибисоро Ашӯрова, ҳамсари ин ҷавони 30-сола гуфтааст, шавҳараш аввали моҳи январи имсол ба Русия рафта, “дар тақрибан се моҳи охир ягон бор на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод”.
“Мегӯянд, як дафъа ба бародари калониаш занг зада, гуфтааст, сиҳату саломат аст, ҷойи кораш мавҷ надорад, вақте ҷойи дуруст ёфт, занг мезанад. Мо фарзанд доштем, якеаш соли гузашта вафот карда буд”, - гуфтааст ӯ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.
Ин дар ҳолест, ки манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфтаанд, Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуд ва 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт. Фаридуни Шамсиддин ҳангоми бозпурсӣ рӯзи 23-юми март тасдиқ кард, ки аз Туркия ба Русия гузашт, вале сабаби онро убури сарҳад ва тамдиди муҳлати будубош номид.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ бори аввал рӯзи 25-уми март ба хонаи Саидакрам Раҷабализода ба шаҳри Ваҳдат рафтанд. Зодгоҳи вай дар 20-километрии Душанбе ҷойгир аст. Он замон дар хона касе набудааст.
Пас аз ҳамла ба маркази “Крокус Сити Ҳолл” мақомоти қудратӣ модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, танҳо баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд. Падараш соли 2006 фавтидааст
“Моро ба мақомоти қудратии шаҳри Ваҳдат ва сипас шаҳри Душанбе бурданд ва пурсиданд”, - гуфтааст Бибисоро Ашӯрова.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекардааст. Ҳамсараш гуфтааст, “ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад”.
Кормандони корхонаи мебелбарории шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи Раҷабализода пурсидаанд.
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтаанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова гуфтааст, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд”.
Дар моҳи декабри соли 2017 оиладор шуда, соли 2018 ба Русия рафта, даҳ моҳ дар онҷо истодааст.
“Охири соли 2018 ӯро аз Русия ронданд ва ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва дигар натавонист панҷ сол ба Русия баргардад”, - гуфтааст ҳамсараш.
Раҷаблизодаи 30-соларо рӯзи 24-уми март бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Пеш аз ин дар шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия навори шиканҷаи ӯ пахш шуд.
Дар видео дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш гузошта, маҷбур кардаанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро шабакаҳои наздик ба гуруҳи зархариди “Вагнер” пахш кардаанд. Саидакрам Раҷабализода дар додгоҳ гуфт, ки ёд надорад кай ва дар куҷои Русия номнавис шудаааст.
“Мо аз боздошти ӯ дарак надоштем. Рӯзи якшанбе мақомот ин хабарро ба мо расонданд. Ин “подстава” набошад, шавҳари ман аз куҷо ба онҷо меравад? Шавҳари ман мурғ кушта наметавонад, агар ягон гуноҳ мекард, медидам. Мо ҳафт сол зиндагии якҷоя дорем”- гуфтааст Бибисоро Ашӯрова.
Фаридуни Шамсиддин
Фаридуни Шамсиддин, яке аз дигар гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав 25 сол дошта, аз деҳаи Лойоби Ҳисор будааст.
Яке аз пайвандони Фаридуни Шамсиддин, ки бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “дар рафтораш ҳеч амали шубҳаовар надида будем. Шаш моҳ пеш ба Русия рафт ва ба хонаводааш пул мефиристод”.
Фаридуни Шамсиддин дар навори бозпурсии мақомоти Русия дар ҳоле ки дастонаш баста ва дар замин ба зону зада буд, гуфт, 4-уми марти имсол аз Туркия ба Русия гузашт. Ба онҷо бо ҳадафи гузаштан аз сарҳад ва тамдиди будубошаш дар Русия рафта будааст.
Вай дар ҳамин бозпурсӣ гуфт, ки барои иҷрои ҳамлаи террористӣ аз ёвари як рӯҳонӣ “500 ҳазор рубл” гирифт. Каналҳои русӣ дар Телеграм рӯзи 23-юми март акси шиканҷа шудани ӯро бо барқ нашр карданд.
“Ӯ ба мисли як муҳоҷири одӣ рафтор дошт ва касе ба ӯ шубҳа надошт. Мо хабарро шунида, дар ҳолати шок афтодем. Як гунҷишкро кушта наметавонист ва хеле тарсончак буд”, - илова кардааст ин пайванди Фаридуни Шамсиддин.
Фаридуни Шамсиддин соли 2022 издивоҷ карда, як писари ҳаштмоҳа дорад.
“Ҳоло ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд. Дар Маскав дар хонаи хоҳараш номнавис шуда буд. Язнааш талоқи хоҳарашро додааст. Мақомоти Русия ӯро субҳи ҳамин рӯз ба далели дар хонааш номнавис кардани Фаридун бо се кӯдакаш аз Русия ихроҷ карданд. Хоҳараш, Маҳбуба Заргарова, шоми имрӯз бояд ба Тоҷикистон бирасад”, - гуфт ӯ.
Ба нақли ин хешованди Фаридуни Шамсиддин, ӯ то Русия рафтан дар як нонвойхонаи шаҳри Ҳисор кор мекард ва “на намоз мехонд, на рӯза медошт”.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ӯ пештар ба иттиҳоми озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум шуда, соли 2020 озод гардидааст. Ба хидмати ҳарбӣ низ нарафтааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин шаҳрванди худ ва иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ ҳарфе нагуфтаанд. Дар ҳоле ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 23-юми март ба нашри маълумот дар бораи чор гумонбари ҳамла аз Тоҷикистон зуд вокуниш кард ва даст доштани се нафари онҳоро дар ин қазия рад намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 139 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.
Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд. Маълум нест, ки онҳо бо вакили дифоъ таминанд ё не.
«Если только все не останется на бумаге...». Решит ли Программа развития таджикского театра его проблемы?
Президент открыл нейрокардио-эндохирургический центр в Худжанде
Собака загрызла таджикистанку, работавшую домработницей в Мытищах
МВД России и Таджикистана обсудили совместные меры борьбы с международным наркобизнесом
Президент Абхазии подал в отставку ради стабильности в стране
Как в Таджикистане удалось выполнить план осеннего призыва досрочно
МИД России: Удары ATACMS по России будут означать прямое участие США в конфликте
В Душанбе задержан подозреваемый в покушении на убийство и пытках мигрантов на Сахалине
Мирзиёев хочет возродить оппозицию в парламенте Узбекистана
Эмомали Рахмон потребовал построить в каждом городе и районе Согда музыкальные школы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста