Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки дар он ду нафар ба ҳалокат расид, то ҳол давом дорад. Аз замони рух додани садама аллакай 4 моҳ сипарӣ шуд.

Сабабҳои садамаи нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саидов то ҳол муайян карда нашудааст. Тафтишот аллакай муддати беш аз чор моҳ идома дорад.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ дар ин робита зикр карданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели садамаи нақлиёт баъди як ҳафта ба итмом мерасад. Муҳлати тафтишот ду бор дароз карда шуд.

Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ низ қайд карданд, ки ояндаи наздик доир ба ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи далели садамаи марговари нақлиёт бо иштироки Фаромӯз Саидови 23-сола мутобиқи моддаи 212, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Ба тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур Вазорати корҳои дохилӣ машғул шуда, назорат аз болои тафтишот аз ҷониби Прокуратураи генералӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-и Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрда, бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби рӯзи 10 сентябри соли гузашта дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт рух дода буд.

Он замон модари Фаромӯз дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама писараш сархуш набуда, ин ҳодиса бар асари мушкилоти техникӣ бо автомашина ба вуқӯъ пайвастааст.