Пайвандону наздикони адвокат танҳо ҳамин рӯз огоҳ шуданд, ки ҳафтаи гузашта мувофиқи парвандаи ҷиноии ахир нисбати Бузургмеҳр Ёров ҳукм содир шудааст.
Барои таҳқири Пешвои миллат ва қаллобӣ Ёров боз ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда, адвокат дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Ба наздикони Ёров дар бораи аллакай содир шудани ҳукм имрӯз, 23 август хабар додаанд, ҳарчанд пештар ба онҳо гуфтаанд, ки ҷаласаи суд имрӯз доир мегардад. «Ҳеҷ касе моро огоҳ накардааст, ки ҳафтаи гузашта дар суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳукм эълон мешавад», - гуфтанд хешони адвокат.
Қобили зикр аст, ки қаблан прокурор аз суд дархост намуда буд, ки Ёров барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат ба 17 соли зиндон маҳкум карда шавад. Мурофиаи судӣ нисбати Бузургмеҳр Ёров пушти дарҳои пӯшида гузашт.
Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди тасмими ӯ доир ба ҳимояи манфиатҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки таҳти тафтишот қарор доштанд, сурат гирифт.
Баъдтар адвокатро боз мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла «даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ» айбдор карданд.
Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябри соли гузашта адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, қаллобӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Моҳи марти соли равон Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ - ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.
Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Таджикистанец Баходур Усмонов узнал дату своего нового боя на мировой арене
Президент Таджикистана принял верительные грамоты новых послов
Таджикистан увеличил импорт пшеницы с начала 2025 года
Кыргызские силовики задержали подозреваемых в организации международного наркоканала через Таджикистан
Что сделал USAID для Таджикистана и какие из его проектов теперь под угрозой полного закрытия?
Агент Дмитрий Селюк – о крутых африканцах и «полумертвых сербах» в таджикском футболе
DC Next объединяет 1,5 миллиона пользователей в единой финансовой экосистеме
МВД Душанбе: «За невыполнение родительских обязанностей грозит изъятие ребенка из семьи»
Таджикистан и Иран обсудили планы по увеличению товарооборота до $500 млн
Этнический состав Центральной Азии: где самое большое разнообразие?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста