Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) интиқол ёфтааст. Масъулон мегӯянд, ки ӯро барои нақзи тартибу низоми боздоштгоҳ ба картсер фиристоданд ва 15 шабонарӯз дар онҷо нигаҳ дошта хоҳад шуд.
Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардааст. Ӯ гуфт, ки Бузургеҳр Ёров се бор қоида ё тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бинобар ҳамин, барои 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд. Ба қавли Шарифзода, Бузургмеҳр Ёров панҷ рӯз қабл ба картсер интиқол ёфтааст.
“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ дода будем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоридаи будубошро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам", - гуфт Садриддин Шарифзода. Ӯ дар идома гуфт, бо вуҷуди онки аз номи модараш хабарҳои бардурӯғ нашр шуд, масъулони СИЗО бо ӯ кордор нашуданд ва ҳеҷ чора наҷустанд. "Вале танҳо баъди онки қоидаи СИЗО-ро вайрон кард, ба картсер бурда шуд", - гуфт ӯ.
Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имкон дорад ӯро баъд аз нашри хабарҳо дар мавриди азияту шиканҷааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба картсер, интиқол додаанд. Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро рӯзи 29-уми сентябр ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва аз ӯ ҳеҷ хабаре надоранд.
Ҳуриннисо Исҳоқова гуфт, ҳамсари Бузургмеҳр дар ин байн чанд бор барои Бузургмеҳр ғизо бурд, аммо дар боздоштгоҳ онро қабул накарда ва гуфтаанд, ки вай дар картсер нигаҳдорӣ мешавад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, шароити картсер мисли ШИЗО (боздоштгоҳи ҷаримавӣ) буда, дар он ғизои овардаи наздикон барои маҳкумшуда қабул карда намешавад ва низ аз мулоқот бо наздиконаш маҳрум мебошад.
Адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.
Моҳи марти соли равон Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ - ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.
Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.
Евросоюз принял 15-й пакет санкций против России
Таджикский спортсмен стал абсолютным чемпионом турнира «Золотой заяц»
"Когда государство попадает в руки террористов, любая должность теряет смысл". Заявление Асада из Москвы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 декабря 2024 года
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста