Мақомоти прокуратура тасдиқи изҳороти Мирсаидовро наёфта, акнун бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Изҳороти роҳбари дастаи зарофатгӯёну ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана») Хайрулло Мирсаидов роҷеъ ба талаб кардани пора аз ӯ аз ҷониби сардори Раёсати Кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода муқобили худаш нигаронида шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷараёни тафтишоти дақиқ гуфтаҳои Мирсаидов тасдиқи худро наёфтааст.
«Изҳороти худро бобати аз ӯ талаб шудани пора Мирсаидов исбот карда натавонист ва акнун нисбати худи ӯ мутобиқи моддаи 346, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд», - гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ намуд.
Роҳбари тими КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидо санаи 5 декабр боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.
Бино ба гуфтаи Аскар Турсунов, адвокати ӯ, Мирсаидов аз шароити нигаҳдорӣ ва вазъи саломатиаш арзу шикоят надорад.
Дар ҳамин ҳол, адвокат дар бораи ифшо накардани маълумоти марбут ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Мирсаидов баёнот навиштааст.
Ёдрас мекунем, ки нисбати Хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 декабр бо чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Суд нисбати ӯ доир ба чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан қарор содир намуда, корҳои тафтишотиро шуъбаи тафтишоти прокуратураи вилоят анҷом медиҳад.
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Как проходит процедура развода, и какова государственная пошлина за подачу заявления?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 декабря 2024 года
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста