Тафтиши парвандаи собиқ раиси “Тоҷпромбон” Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода мешавад.
Парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Агар суд гуноҳи собиқ раиси “Тоҷпромбонк”-ро аз рӯи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда тасдиқ намояд, ба ӯ то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.
Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд.
Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар бораи “қазияи” Зиёев чӣ маълум аст?
Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев қаблан ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуда буд, ки Зиёев ба воситаи фиреб амонатҳои саҳмгузоронро бо мақсадҳои шахсӣ истифода ё азхуд кардааст. Ӯ дар Душанбеву Ҳисор, Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикитсон барои худ ва хешону наздиконаш манзилу тарабхона ва корхонаҳои гуногун сохтааст.
Тавре Ҷӯраев зирк карда буд, ӯ дар мавзеи пурнуфузи “Рублёвка”-и шаҳри Маскав низ ба маблағи умумии 3 млн. доллар манзилҳои гаронарзиш харидорӣ намудааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ба Зиёев дар азхудкунии воситаҳои амонатгузорон ба маблағи 40 млн. сомонӣ айбнома пешниҳод шудааст.
Тибқи маълумоти адвокат, Зиёев ба корхонаҳои фаръӣ ва ширкатҳое, ки таҳти роҳбарии хешовандони наздикаш қарор доштанд, миллионҳо қарз медод. Ӯ ба “Азия-Плюс” номгӯи онҳоро пешниҳод кард:
1. ҶДММ «ТПБ АКВА» ба маблағи 60, 78 млн. сомонӣ.
2. ҶДММ «ТПБ-ПЭТ» - 34, 16 млн.
3. ҶДММ «Даҳбед-Д» - 2, 5 млн.
4. ҶДММ «Даҳбед-Д» - 2 ба маблағи 16,78 млн.
5. ҶДММ «Даҳбед-М» - 2, 02 млн.;
6. ҶДММ «ТПБ АВТО» ба маблағи 6, 08 млн.
Маблағи умумии қарз ба “худиҳо” 122,31 млн. сомониро ташкил додааст ва ин ҳам бидуни назардошти пардохти фоизҳо, ки тақрибан ба 77,28 млн. сомонӣ баробар аст.
Ба гуфтаи адвокат, ширкатҳои даромаднок («ТПБ АКВА», «ТПБ-ПЭТ») ва дигар амволи серхаридори бонкро Зиёев бо нархҳои хеле паст ба наздикони худ – писараш Азиз ва додарарӯсаш Олег Сайдинов фурӯхтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста