Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар парвандаи духтари 12-сола дар Ҳисор, ки ҳамсояи 42-солааш ба номуси ӯ таҷовуз кард, ба сифати ҷониби ҳимояи духтар иштирок мекунад.
“Айни замон тафтишот идома дорад. Нисбат ба гумонбаршуда Ҳуснӣ Абдуллоев мутобиқи моддаи 138, қ. 3 (Таҷовз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Гулчеҳра Раҳмонова.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон духтар давраи офияту тавонгириро гузашта, ба ӯ ташхиси равонӣ таъин шудааст.
“Бо духтар адвокату равоншинос кор бурда, инчунин ӯ кумаки тиббӣ мегирад”, - иброз дошт номбурда.
Гумонбаршуда падариашро рад мекунад
Дар нишасти матбуотии Прокуратураи генерали зикр гардид, ки барои муайян кардани падари кӯдак аз духтар ташхиси ДНК (захираи иттилоотии генетикии инсон) гирифта мешавад.
“Ташхис барои он гузаронида мешавад, ки гумонбаршуда ба содир намудани ҷиноят падари кӯдаки духтар будани худро рад мекунад”, - гуфта буд он замон муовини сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ Фаррух Рауфов.
Ба қавли Гулчеҳра Раҳмонова, хун барои ташхис аллакай гирифта шудааст.
“Барои ташхис аллакай хун гирифта шуда, лекин то ҳол адвокатро бо он шинос накардаанд. Аз ин рӯ, алҳол чизеро шарҳ дода наметавонам”, - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар Ҳисор марди 42-сола ба номуси духтари 12-сола дастдарозӣ намуда, ӯ кӯдак таваллуд кард. Айни замон гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шуда, парванда аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор тафтиш мешавад.
Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал минбаъд маҷбурӣ чандин маротиба такрор шудааст.
Чанде пеш журналистони “Азия-Плюс” ба Ҳисор рафта, бо худи духтари ҷабрдида ва волидону хешовандони ӯ суҳбат карданд. Маводи муфассал дар бораи суҳбати онҳо дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироджиддин Фозилов: «Никогда не уходил из искусства, не ухожу и не уйду»
Национальный банк Таджикистана предупреждает о росте мошенничества в Telegram и WhatsApp
СМИ: США приостановили рассмотрение заявлений от мигрантов из Украины и Латинской Америки
JICA провела акцию по посадке деревьев в школе искусств им. М. Атоева
Страны ЕС согласовали 16-й пакет санкций против России
В Пенджикенте задержан мужчина, пырнувший ножом 8-летнюю девочку
«Его страна разорвана в клочья». Трамп обрушился на Зеленского после переговоров РФ и США
Власти Узбекистана предоставят малоимущим беспроцентные ссуды на запуск своего бизнеса
Таджикистанец Баходур Усмонов узнал дату своего нового боя на мировой арене
Президент Таджикистана принял верительные грамоты новых послов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста