Дар ҷаласаи дувуми додгоҳии парвандаи пурсарусадои куштори 4 узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун, ки имрӯз дар Додгоҳи вилояти Хатлон сурат гирифт, гумонбари дуюм Маҳмадғайюр Хайбуллоев ҳам аз нишондоди қаблияш даст кашид ва аз шиканҷа шуданаш шикоят пеш овард.
Хайбуллоев гуфт, ки ҳама нишондодҳои худиқрорияш дар рафти тафтишоти пешакӣ бо истифода аз шиканҷа гирифта шуда аст.
“Ман худро дар қисмати ҷинояти дар модаи 244 (дуздӣ) гунаҳкор меҳисобам. Вале дар куштори оилаи Маҳмадовҳо ман даст надорам. Аслан ин оиларо намешинохтам ва бо онҳо хусумате ҳам надоштам. Ҳама нишондодҳое, ки қаблан ман додаам дар натиҷаи лату кӯб ва шиканҷаи кормандони милитсия додаам. Дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун рӯзи сеюме, ки боздошт будам ба лату кӯбам шуруъ карданд. Ба сарам халта кашида бо дубинка ва пойҳояшон лату кубамон мекарданд. Ҳарчанд мегуфтам ин ҷиноятро содир накардаам, вале боварам намекарданд. Ба дасту пойҳоямон барқ мегузаронданд. Ба он ҳаде мезаданду ба барқ пайваст мекарданд, ки тайёр будам ба худкушӣ даст бизанам. Моро 17 шабонарӯз дар боздоштгоҳи мувақатии ШВКД дар шаҳри Бохтар нигоҳ доштанд. Баъдан ба боздоштгоҳи мувақати интиқоламон доданд. Дубинкаро чанд маротиба то ҳалқам андохтанд”,- гуфт Маҳмадғайюр Хайбуллоев.
Ҳафтаи гузашта, гумонбари дигар дар ин ҷинояти мудҳиш Қиёмиддин Насриддинов низ дар ҷаласаи додгоҳӣии рӯзи 1-уми апрел гуфт, ки аз нишондодҳои пешакӣ додааш даст мекашад, зеро он ҳамаро зери шиканҷа додааст.
Хайбуллоев ҳамчунин изҳор дошт, ки дар назди ӯ кормандони милитсия Қиёмиддин Насриддинов ва оилааш Адолат Шерматоваро низ лату кӯб карданд.
“Ду маротиба вақте аз Прокуратураи генералӣ омада буданду як маротибаи дигар як нафар калонашон ман гуфтам, ки ин ҷиноятро содир накардаам. Баъди ин шикоятам боз мавриди лату кӯб қарор гирифтам. Ман он шаби ҳодиса дар хонаи модарам хоб будам. На аз хона набаромада будаму на бо Қиёмиддин Насриддинов вохурда будам”,- илова кард Хайбуллоев.
Саймумин Кабиров вакили дифои Маҳмадғайюр Хайбуллоев, аз додгоҳ дархост кард, ки барои зерҳимояаш ташхиси равоншиносӣ таъин карда шавад.
“Ман аз додрас хоҳиш кардам, ки барои зерҳимояи ман ташхиси равоншиносӣ таъин кунад. Зеро баъди шиканҷаву лату кӯб ҳолати равонияшон хуб нест. Мо, қаблан дар рафти тафтишоти пешакӣ дархост карда будем. Вале як омӯзгорро аз Донишгоҳи давлатии Бохтар даъват карданд, ки мо рад кардем. Баъдан муфатиш бе иштироки ман боз ҳамон нафареро, ки мо рад карда будем бурдву ташхиси равоншиносӣ гузаронда аст. Аз ин хотир мехоҳем як ташхиси равоншиносии дуруст гузаронида шавад”,- гуфт Кабиров.
Бояд гуфт, ки ҳам Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғйаюр Хайбуллоев дар додгоҳ изҳор доштанд, ки сабти видеоие, ки онҳо ҷиноятро ба диш гирифтанд қаблан таҳрезишуда буд.
Насриддинов дар ҷараёни пурсиш дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 1-уми апрел ҳамчунин гуфт, ки бо марҳум Аҳлиддин Маҳмадов риштаи хешутаборӣ доштанд ва ягон кинаву хусумате байнашон набуд, баръакс муносибаташон хуб буд.
Бояд гуфт, ки додгоҳи вилояти Хатлон чанде пеш ба баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят оғоз карда буд. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.
Дар ин ҳодиса нисбати се сокни ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.
Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.
Баъдан аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста