Як тоҷик дар Русия бо иттиҳоми қасди ҳамла ба бинои Хадамоти амнияти федеролии Русия 12 сол равонаи зиндон шуд
Меҳроб Ҳаитов яке аз шаш муҳоҷири тоҷик аст, ки ба гумони ташкили гуруҳи террористӣ, қасди ҳамла ба бинои ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия дастгир шудаанд.
Хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Додгоҳи ҳарбӣ гуфтааст, “Меҳроб Ҳаитов гуноҳи худро пурра эътироф кард, дар ошкор кардани ҷиноят мусоидат намуд” ва бинобар ин муҳокимаи парвандаи ӯ алоҳида ва махсус баррасӣ шуд.
Ба Манучеҳр Бӯриев ва бародарзодааш Раҷабалӣ Бӯриев, Абдумалик Самиев, Самандар Тошмуродов ва Абдуқодир Тоиров, ки аз 19 то 25 сол доранд, ҳабси абад таҳдид мекунад.
Ҳамаи онҳо замони боздошт дар Русия мардикорӣ мекардаанд. Вакилони мудофеи гумонбарон мегӯянд, парванда сохта аст.
Хадамоти амнияти федеролии Русия гуфтааст, боздоштшудаҳо "зери раҳбарии гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" нақша доштанд, соли 2022 бинои ин хадамотро тарконанд.
Ба иттилоти мақомоти тафтишотӣ, гумонбарон гуё талаб доштаанд, ки нерӯҳои Русия аз ҳудуди Сурия берун карда шаванд. Санҷиш ва тасдиқи мустақилонаи ин маълумот номумкин аст.
Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Меҳроб Ҳайитови 23-сола барои мулоқоту омодагии "аъзои дигари созмони террористӣ" хона ва шароит омода карда, маълумоти заруриро ҷамъ овардааст. Муҳоҷири тоҷик ва ҳамроҳонаш моҳи апрели соли 2022 боздошт шуданд.
Эълони ҳукми як зодаи Тоҷикистон ва дар курсии айбдорӣ нишастани 5 нафари дигар ба гумони терроризм дар Маскав дар ҳолест, ки ин шабу рӯз дар вилояти Екатеринбурги Русия ҳам мурофиаи гурӯҳи дигари панҷнафарии муҳоҷирони тоҷик идома дорад. Онҳо ҳам ба ташкили гурӯҳи террористӣ ва омодагӣ ба террор муттаҳам мешаванд. Наздиконашон ин айбномаро беасос медонанд.
Боздошти зодаҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бо гумони терроризму ифротгароӣ дар Русия бештар шудааст. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ аксари ин парвандаҳо “сохтаву тақаллубиянд ва аз сӯйи мақомоти қудратӣ бо ҳадафи ба даст овардани натиҷа ва омор ташкил мешаванд.”
Ба гуфтаи онҳо маҳз ба далели ноогоҳӣ ва имкониятҳои маҳдуди дигар аксаран муҳоҷирон ҳамчун гумонбар ё айбдоршаванда интихоб зиндонӣ мешаванд.
США отменили вознаграждение в 10 миллионов долларов за поимку Сироджиддина Хаккани
В Душанбе создадут «налоговый рай» для производителей промпродукции
Как аденоиды могут вызвать ночное недержание у детей
В Узбекистане построят заводы по переработке мусора в электроэнергию
Дональд Трамп допустил, что Россия затягивает подписание соглашения о прекращении огня
В Таджикистане создают «Фонд распределения выгод» от продажи электричества Рогунской ГЭС
В Турции продолжаются протесты после ареста Экрема Имамоглу. ВВС рассказывает, как мэр Стамбула стал лидером оппозиции
Будущее воды в Центральной Азии. Каким оно будет?
Сборная Таджикистана добыла свою первую победу в отборе на Кубок Азии
В Таджикистане сильные осадки вызвали сход селей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста