Дар остонаи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳукуматдорони ин кишвар барои сохтмони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд 1 гектар қитъаи замин ҷудо мекунанд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сохторҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.
«Қитъаи замин дар маркази Тошканд ҷудо шуда, корҳои сохтмони бинои сафорат, манзил барои дипломатҳои тоҷик, дигар иншооти зарурӣ ва ободонии қаламрави бино аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Сарчашмаи хабар аз эҳтимол дур намедонад, ки ояндаи наздик дар Душанбе низ барои сохтмони бинои сафорати Ӯзбекистон қитъаи замин ҷудо мешавад.
Бино ба маълумоти манбаъ, ғайр аз ин, дар доираи сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон байни Тошканду Душанбе дар бораи сохтмони мактаби таҳсилоти умумӣ ва бемористони бисёрсоҳавӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо мерасад.
Ба гуфтаи манбаъ, мактаби таҳсилоти умумӣ дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва бемористон дар вилояти Хатлон сохта мешаванд. Лекин аз додани маълумот оид ба маблағи умумии сохтмони ин иншоот, ки аз ҳисоби буҷети давлатии Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, худдорӣ варзида шуд.
Сафари давлатии президенти кишвари ҳамсоя Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аввали моҳи март пешбинӣ мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Сироджиддин Фозилов: «Никогда не уходил из искусства, не ухожу и не уйду»
Национальный банк Таджикистана предупреждает о росте мошенничества в Telegram и WhatsApp
СМИ: США приостановили рассмотрение заявлений от мигрантов из Украины и Латинской Америки
JICA провела акцию по посадке деревьев в школе искусств им. М. Атоева
Страны ЕС согласовали 16-й пакет санкций против России
В Пенджикенте задержан мужчина, пырнувший ножом 8-летнюю девочку
«Его страна разорвана в клочья». Трамп обрушился на Зеленского после переговоров РФ и США
Власти Узбекистана предоставят малоимущим беспроцентные ссуды на запуск своего бизнеса
Таджикистанец Баходур Усмонов узнал дату своего нового боя на мировой арене
Президент Таджикистана принял верительные грамоты новых послов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста