Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Ӯзбекистон дастур дод, ки дар кишвараш дар давоми се моҳ тамоми шароит барои ба таври қотеъ гузаштан ба хатти лотинӣ омода шавад. Шавкат Мирзиёев сарвазири кишварашро муваззаф кард, ки барои куллан гузаштан ба алифбои ӯзбекии лотиниасос гуруҳи корӣ созмон диҳад, то ҳама масоилиро омӯзанд. Аз ин пештар чунин тасмимҳоро кишварҳои дигари туркзабони минтақа Қазоқистону Туркманистон ҳам гирифта буданд. Қазоқистон соли 2024 гузаштан ба алифбои лотиниро оғоз мекунад. Сару садоҳо ҳаст, ки баъди гузаштани кишварҳои туркзабони минтақа Қирғизистон ҳам ба ин роҳ меравад.

Дар ин миён Тоҷикистон ба унвони кишвари ғайритуркзабони минтақа бо алифбои кириллияш  танҳо мемонад. "Азия-Плюс" аз донишмандону коршиносон пурсид, ки агар ҳамаи кишварҳои минтақа бигузаранд, Тоҷикистон чӣ роҳе дорад: форсӣ, лотинӣ ё ҳамон кириллӣ?

"Нигоҳ доштани кириллӣ беҳтар аст"

Иброҳим Усмонов, доктори улуми таърих, профессор

Дар ҳоли ҳозир барои мо ин чӣ зарурат дорад?! Ду бор ҳамин кор сурат гирифт. Як бор аз мо касе напурсид. Мо он вақт дар таркиби Ҷумҳурии Ӯзбекистон будем, соли 1927-1928. Он вақт Кумитаи алифбои ӯзбек ташкил шуда буд, Кумитаи алифбои тоҷик набуд. Мо, ки ҷумҳурии автономӣ будем, маҷбур будем ҳамроҳи ҷумҳурӣ ва халқи соҳибном  ба ин хат гузарем.

То соли 1935 ҳамаи ҷумҳуриҳои ИҶШС, аз ҷумла русҳо ҳам нияти ба хати лотинӣ гузаштанро доштанд, ҳатто Кумита низ ташкил карда буданд. Хатти лотинӣ хатти инқилобӣ элон шуда буд. Баъдан аз фикрашон гаштанду русҳо ба хатти худашон рафтанд.

Чаро гурҷиҳо ё арманиҳо ба хатти дигар нагузаштанд, зеро онҳо давлати мустақил буданд (дар ҳайати ИҶШС-Азия-Плюс), хостанд  дар хатти худашон монданд. Ҳеч кас, ҳеч давлатеро, аз рӯйи матолибе, ки ман ба даст овардам, маҷбур накардааст, ки ба хатти дигар гузаред. Барои ҳамин гурҷиҳову арманиҳо нагузаштанд. Мо, ки дар таркиби Ӯзбекистон будем, гузаштем. Ва ҳамаи халқҳои туркизабони ИҶШС, аз ҷумла тоторҳо ва мардуми туркзабони Доғистон ба хатти лотин гузаштанд.

Акс:mediacouncil.tj

Ҳозир,  тасавур кунед, барои мо чӣ даркор аст ба хатти дигар гузарем? Дигарон мегузаранд ё намегузаранд, ин гапи дигар. Чӣ ба даст меорем?

Ман гумон мекунам иқдомҳои ҳамсояҳо ба мо таъсир намекунад. Мо, худамон бояд этиқодамонро эҳтиром кунем. Ман гумон мекунам, ки агар мо худамонро миллати мустақил ва миллати тавоно ва қадима ҳисоб кунем, ба ҳеҷ тараф набояд майл кунем.

Ин хат, агар  ба дили мо зад, агар хатти беҳтареро барои худ ихтироъ карда тавонем ва ё созем,  он вақт муайян мешавад. Ҳоло фикр мекунам, ки нигоҳ доштани алифбо барои мо беҳтар аст. Намедонам сарнавишти оянда чӣ мешавад, вале дар ҳоли ҳозир аз қафои ӯзбекҳо ва қазоқҳо рафтани мо зарурат надорад.

"Сарнавишти хат ба дасти миллату давлати Тоҷикистон бояд бошад"

Умед Ҷайҳонӣ, коршиноси риштаи таъриху забон

Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон хатташонро аз кириллӣ ба лотинӣ бар гардонданд. Қирғизистон низ дер ё зуд хатташро лотинӣ хоҳад кард. Ин кишварҳо камобеш ҳамзабон ҳастанд ва равандҳои ҳамгироӣ водорашон мекунанд, ки ҳамхат низ бошанд. Тоҷикистон бо ин кишварҳо ҳамзабон нест ва бо хатти кириллияш дар бунбаст қарор хоҳад гирифт, зеро бо кишварҳои ҳамхатташ ҳамзабон нест. Дар чунин шароите, мо чорае ҷуз аз бар гаштан ба хатти форсӣ надорем, зеро ҳамзабонҳоямон ҳамин хаттро ба кор мебаранд. Тоҷикҳо як бор хатташонро лотинӣ карда буданд ва диданд, ки он хат коромад набуд. Аз ин рӯ, гумон дорам, ки дигарбора бозгашт ба хатти лотиниро баррасӣ нахоҳанд кард.

Пешопеш бояд ин аслро пазируфт, ки як забон – форсӣ – бояд як хатту як дастур дошта бошад. Бо чунин пешпазирае аз ҳамин акнун бояд барномаи гузор ба хатти форсӣ омода карда шавад. Вагарна дер хоҳад шуд.

Ин посух танҳо тарҳи масъала аст. Мо ҳанӯз ин масъаларо ба жарфову паҳнояш баррасӣ ва пажӯҳиш накардаем. Аммо пешопеш ҳам дида мешавад, ки Тоҷикистон бо хатти кириллияш дар минтақа танҳо хоҳад монд. Пайомадҳои ин танҳоӣ бояд пешбинӣ карда шаванд.

Бархе ҳанӯз ҳам Русияро муттаҳам мекунанд, ки гӯё иҷоза намедиҳад тоҷикон забонашонро форсӣ биноманд ва хатташонро форсӣ гардонанд. Ман ниме аз умрамро дар Русия гузаронда ва солҳо боз инҷо мутарҷимиву рӯзноманигорӣ мекунам. Бо бисёре аз устодони донишгоҳҳо ва бархе аз сиёсатмадорони ин кишвар дар ин бора гуфтӯгу ва мусоҳиба доштаам. Устодони донишгоҳҳо мегӯянд, ки забони тоҷикон гунае аз форсӣ аст ва тоҷиконро беҳтар аст хатташонро форсӣ кунанд. Чанде аз сиёсатмадорҳо низ мегӯянд, ки Русия чандон коре ба забону хатти тоҷикон надорад. Ончи сиёсатмадороне чун Жириновский гаҳ–гоҳе мегӯянд, ба хӯрди раъйдиҳандагони худашон медиҳанд ва аҳамияте дар сиёсати хориҷии кишвар надоранд. Воқеъият ин аст, ки Русия коре ба хатту забони тоҷикон надорад.

Акс: аз бойгонии Умед Ҷайҳонӣ

Сарнавишти забону хатти тоҷикон танҳо ва танҳо ба миллат ва давлати Тоҷикистон вобаста аст. Пайванд задани сарнавишти забону хатти тоҷикон ба Русия, Эрон, Чин, Узбакистон, Амрико ва Муғулистон тавҳин ба миллати тоҷик ва таҳқири давлати Тоҷикистон аст. Ин масъала баҳси донишгоҳӣ ё академикӣ аст ва онро танҳо ва танҳо миллат ва давлати Тоҷикистон метавонанд баҳсу баррасиву ҳаллу фасл кунанд. Дину мазҳабу ҳаққи маънавӣ ҳам дар баррасии ин мавзуъ камтарин аҳамиятро надоранд. Ягона довар дар ин баҳс донишу бинишу додаҳои забоншинохтӣ ҳастанд.

Тоҷикистон метавонад дар инзиво қарор бигирад

Шералӣ Ризоён, таҳлилгари сиёсӣ

Масъалаи тағйири алифбо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Тоҷикистон мавзӯи нав нест ва он паҳлуҳои сиёсию идеологӣ, фарҳангию тамаддунӣ ва ҳувиятӣ дорад. Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказиро барои тағйири алифбо метавон ба се гуруҳ ҷудо кард:

1) таҷрибаи Ӯзбекистон ва Туркманистон (мувофиқи қонуни забони соли 1989 ба ин гуруҳ Тоҷикистонро ҳам ворид намудан мумкин аст), ки дар аввали истиқлоли худ тасмим барои гузаштан ба ҳуруфоти лотиниро (дар Тоҷикистон гузаштан ба ҳуруфоти форсӣ) ҳамчун қарори сиёсӣ қабул намуданд;

 2) таҷрибаи Қазоқистон, ки соли 2017 тасмими сиёсӣ барои гузариш ба ҳуруфоти лотиниро (то соли 2025) қабул кард, ки дар натиҷа ба таҳоҷуми шадиди беруна, ба хусус аз ҷониби шахсиятҳо ва расонаҳои Русия рӯбарӯ шуд;

3) таҷрибаи Қирғизистон ва то ҷое Тоҷикистон, ки то ҳанӯз тасмими ҷиддие барои тағйири алифбо гирифта нашудааст, вале дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа перомуни ин масъала гуфтумон вуҷуд дорад.

Таҷрибаи Ӯзбекистон (бинобар сабаби набудани иттилоъ аз вазъи Туркманистон – чизе гуфта намешавад) перомуни тағйири алифбо нишон медиҳад, ки ин кишвар ба як буҳрони ҳувиятӣ гирифтор шудааст, зеро чанд насл аллакай донандаи алифбои лотинӣ ҳаст, коргузории давлатӣ низ бо ду ҳуруфот бурда мешавад ва гузариши комил сурат нагирифтааст, яъне набудани алифбои умумӣ барои мардум, ҷомеа ва давлат мушкилоти муайянеро ба вуҷуд меорад, ки ҳисобу китоби он кори мушкил аст. Шароити мазкур мушкилоти ҷиддиро дар пай дорад ва барои ҳамин раисҷумҳури Ӯзбекистон чунин дастури қатъӣ додааст. Ба назари ин ҷониб, Қирғизистон низ дар дурнамои кутоҳмуддат тасмими ҷиддие барои тағйири алифбо мекунад ва бахусус, сари кор омадани ҳукуматдорони имрӯза эҳтимол дорад ин равандро тезонанд.

Агар ҳамаи кишварҳои туркзабони минтақа бо ба назар гирифтани таҷрибаи якдигар ба алифбои лотинӣ гузаранд, ин шароит ба кишвари мо низ таъсир дорад ва Тоҷикистон бо ҳуруфоти кирилии имруза дар инзиво қарор мегирад, ки паҳлуҳои манфии ҳувиятӣ низ дорад.

Барои пешгирии таъсири манфии унсури ҳувиятии масъалаи мазкур таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин аз аҳамият холӣ нестанд:

Якум, қабули барномаи махсуси давлатӣ барои тавсеаи истифодаи ҳуруфоти форсӣ барои солҳои 2021-2030 ва дар ҳамин барнома муайян намудани ҳам омӯзиши он ба насли наврасу ҷавон, миёнсолу калонсолон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин истифодаи амалии он дар тамоми қаламрави кишвар. Барнома метавонад аз се бахш иборат бошад: 1) омода намудани шароит барои аз худ намудани васеъи он аз ҷониби шаҳрвандон; 2) қавӣ намудани базаи омӯзиши алифбо ва 3) истифодаи он дар коргузории расмӣ.

Дуюм, тавсеаи сиёсати Ҳукумати кишвар ҷиҳати эҳёи миллӣ дар Тоҷикистон ва қавӣ намудани унсурҳои ҳувиятии мардум, то хату алифбои аҷдодии худро донанд (ҳазор сол дар ин хат асарҳои безавол офарида шуданд), ки ба талаботи таҳкими давлатдории миллӣ дар кишвар ҷавобгӯ аст.

Сеюм, бо ин иқдом зери мудирияти давлатӣ гирифтани масъалаи алифбо, коҳиш ва аз байн бурдани заминаи экстремизми забонӣ, ки 10 соли охир дар фазои маҷозӣ ба назар мерасад.

Акс: аз саҳфаи фейсбуки Шералӣ Ризоён

Муҳимтарин нукта дар ин самт дода нашудан ба миллатгароии папулистӣ аст, ки ба кишвар метавонад осеби ҷиддӣ расонад ва дар ин самт ба таври амиқ омӯхтану мавриди истифода қарор додани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя аст, ки барои чӣ бо гузаштани тақрибан 30 сол натавонистанд иқдоми худро амалӣ намоянд.

Албатта, чунин тасмим метавонад дар фазои иттилоотӣ мушкилоти муайянеро барои кишвар ба вуҷуд орад, зеро таҷрибаи гузаштан ба насабҳои миллӣ ин масъаларо баръало муайян мекунад. Барои ин лозим ба назар мерасад, ки тамоми паҳлуҳои ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирад ва муҳимтар аз ҳама истофодаи васеъи алифбои форсиасос ба тадриҷ, бе унсури маҷбурӣ, бо ҳавасманд намудани шаҳрвандон амалӣ карда шавад.

"Фақат як посух дорад: Порсӣ!"

Дориюш Раҷабиён, муассиси гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ"

Ин ки Узбакистон мехоҳад қотеъонатар лотинхон бишавад ё Қазоқистон дар ин росто чи тасмиме гирифтааст ва ин ки қирғизҳо ба дунболи чӣ касе хоҳанд рафт, рабти чандоне бо масъалаи тоҷикон надорад. Тоҷикон дунболи хатти навин нестанд. Ба далели ин ки тоҷикон мероси навин надоранд, балки соҳиби куҳантарин мероси фарҳангию адабии минтақа ҳастанд, ки ба забону хатти порсӣ офарида шудааст. Ҳамаи бахшҳои Осиёи Миёна то ҳамин сад сол пеш батамом дар ҳоли тавлиди осоре ба забону хатти порсӣ буд. Ва бо гузашти сад сол ҳамчунон даҳҳо милюн тан дар минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли тавлиди осоре ба забону хатти порсӣ ҳастанд. Ба забони миллии тоҷикон. Ва фақат тоҷикон дар Осиёи Марказӣ чунин имтиёзе доранд.

Тафовути тоҷикҳо бо узбакҳову қазоқҳову қирғизҳо ин аст, ки мо наметавонем дар бораи забони модарии худ тасмиме худсарона бигирем. Масалан, Қазоқистон метавонад, чун бештарин теъдоди қазоқҳои ҷаҳонро дарбар дорад. Бар мабнои ин муҳосиба, шояд давлати Қазоқистон ҳақ дошта бошад, ки барои он миллат расмулхат таъйин кунад.

Аммо мо, тоҷикон, барои гирифтани чунин тасмиме бояд на танҳо ба давру бари худ, балки ба пешу паси худ ҳам нигоҳе биандозем. Оё мо ҳаққи маънавии тағйири хатти Рӯдакиро доштем? Оё Ҳофиз дар гӯшаи зеҳнаш хутур мекард, ки рӯзе-рӯзгоре осори ӯро ба хатти русӣ бихонанду ба ҳамин ҷиҳат ғалатҳоеро ба ӯ нисбат диҳанд? Тасаввур намешавад.

Тоҷик, яъне вориси Рӯдакию Фирдавсию Пури Синову Беруниву Мавлавию Саъдию Ҳофизу Хайёму Носири Хусраву Хусрави Деҳлавию Зебуннисою Айнию Лоҳутию Лоиқу мобақӣ. Осори ҳамаи ин бузургон тобеъи хатти порсист ва чорае ҷуз нигоштани он осор ба хатти порсӣ нест. Яъне сухани он бузургон дар чорчӯбе дигар намегунҷад. 90 сол таҷрубаи Шӯравӣ барои гунҷондани порсӣ дар алифбову навишторе дигар собит кард, ки танҳо ҳосили чунин талоше дурии тоҷикон (эрониён) аз забону фарҳанги худ аст; ҷомеае ба дур аз донишу фаҳм аст; чизе шабеҳи ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон аст, ки на танҳо борвари дониш нест, балки то ҳадди зиёде донишситез аст.

Дориюш Раҷабиён

Тоҷикистон, агар мехоҳад миллатеро бо номи “тоҷик” ҳифз кунад, як роҳ бештар надорад ва он гузор ба хатти худии тоҷикон, порсӣ, аст. Хатте, ки, масалан, дар бораи “обёрӣ” дар Интернет 47 баробар бештар аз пириллик (кириллӣ) барои мо матлаб дорад. Ва ҳамин лаҳза иборати “шаҳри Бухоро”-ро дар ҷустуҷӯгари Гугл ба хатти пириллик чидаму дидам, ки  фақат 8890 матлаби марбутаро пайдо кардааст. Дар ҳоле ки ҳамин иборати наздик ба порсигӯёни Осиёи Марказӣ ба хатти порсӣ дар Гугл 53,800 натиҷа дорад.

Яъне агар ҳатто дар бораи шаҳри Бухоро, ки дар қалби тамаддуни порсигӯёни Осиёи Марказист, дар Интернет матолиби басе бештаре ба хатти худамон (порсӣ) ҳаст, тасаввур кунед, ки дар бораи матолиби дигар чӣ ганҷинае ба хатти мо (порсӣ) дар Интернет ва ҷаҳони воқеъӣ вуҷуд дорад, ки порсигӯёни Осиёи Марказӣ бо фаро гирифтани 32 ҳарф метавонанд ба онҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Пас ин пурсиш, ки “Тоҷикистон ба чӣ хатте бигзарад, беҳтар аст?” барои як фарди тоҷик, ки ба ояндаи дурахшон чашм дӯхтааст, фақат як посух дорад: Порсӣ!

"Бо зарбаи ҳалокатовар ба миллат мешавад"

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ, забоншинос

Ростӣ, масъалаи гузаштан аз як дабира ба дабираи дигар як мавзӯи дилбазан шудааст.

Мо як бор гуфта будем, боз мегӯем, саросемавор дар соли 1929 ба лотинӣ ва баъд даҳ сол пас ба кириллӣ гузаштем. Яъне дар байни даҳ сол 2 бор моро куштанд. Ҳоло ба ҳар хатте, ки гузарем, натиҷа боз ҳамон зарбаи ҳалокатовар ба пушти миллат мешавад.

Саъдӣ Маҳдӣ

Ҳоло дар мо азму ҷазм барои гузаштан ба хатти арабиасоси  форсӣ ҳаст. Дар мавриди ин ҳам метавон ҳаминро гуфт. Ҳоло тайи 1 млн муҳоҷир дар Русия ҳастанд. Маҳз ҳамин хатти ягона аст, ки мушкилоти эшон камтар аст. Агар ба дигар дабира гузарем, мушкилашон даҳчанд мешавад. Ман тарафдори омӯзиши доимии хатти ниёгон ва айни замон истодан дар ҳамин хатти феълӣ ҳастам!