Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқоташ бо сокинони ҷамоати Ворухи Исфара гуфт, ки дар тамоми давраи музокироту муколамаи Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзӣ давлатӣ масъалаи иваз кардани Ворух ҳеч вақт баҳс нашудааст ва намешавад. 

"Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронияш бар аҳамияти шаҳри Исфара дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард ва гуфт: 

"Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад".

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.

"Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст".

Дар дидор бо бошандагони Ворух президент таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Дар ин суханронияш Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

"Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд".

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон,- бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд.