Раиси парлумони Аврупо Дэвид Сассоли изҳори таассуф кард, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) намехоҳанд паноҳандагонро аз Афғонистон қабул кунанд. Дар форум оид ба амнияти стратегӣ, ки дар Словения ҷараён дорад, ӯ чунин изҳори назар кард, менависад Российская газета.

"Аз қарори дирӯзаи Шӯрои ИА оид  корҳои дохилӣ ноумед шудам. Мо бисёр кишварҳо берун аз ҳудуди Иттиҳоди Аврупоро дидем, ки паноҳҷӯёни афғонро қабул ва аз онҳо истиқбол намуданд, аммо ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо чунин намекунад. Ҳама танҳо дар бораи афроде ва аҳли оилаи онҳое (афғонҳо - эзоҳи “РГ”) фикр мекунанд, ки бо мо кор мекарданд, аммо касе ҷуръат намекунад ба ҳамаи онҳое паноҳ диҳад, ки ҳаёташон ҳоло ҳам дар хатар аст”, - изҳор намудааст Сассоли.

Ба гуфтаи ӯ, Брюссел наметавонад вонамуд кунад, ки вазъ дар Афғонистон ба он марбут нест, зеро ИА дар маъракаи низомии ИМА дар ин кишвар ширкат карда, аз ҳадаф ва вазифаҳои он ҳимоят мекард.

Вай инчунин зикр кардааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз вазъи кунунӣ, ки дар тақвияти қудрати ниҳодҳои иттиҳод ифода меёбанд, бояд сабақ омӯзад.

Ин метавонад, масалан, тавассути гузаштан ба низоми қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо роҳи овоздиҳӣ ва аксарияти овозҳо, на бо расидан ба созиши умумӣ сурат гирад.

Сассоли инчунин даъват кард, ки ба тавсеаи ҳайати Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои Балкани Ғарбӣ суръат бахшида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.