Имрӯз, 20 октябр ҳайати Толибон (фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ба роҳбарии Абдусалом Ҳанафӣ дар нишасти Маскав дар робита ба Афғонистон ширкат мекунад.
Абдусалом Ҳанафиро дар ин нишаст Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа, Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ вазири тиҷорат, Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисод ва Мавлавӣ Абдуррашид, шаҳрдори Кобул ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин нишаст ягон намоянда аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ иштирок намекунад
Қарор аст имрӯз нишасте дар бораи Афғонистон дар мизбонии Маскав доир шавад.
Кишварҳо дар нишаст мавзӯъҳои ҳузури ДОИШ дар Афғонистон, ташкили ҳукумати фарогир ва таъаҳҳуди кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин ҳол Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, мавзӯи ба расмият шинохтани давлати муваққати Толибон аз тарафи Русия дар ин нишаст матраҳ намешавад ва Маскав ин мавзӯъро баррасӣ нахоҳад кард.
Вай афзудааст, ки Русия монанди дигар кишварҳои минтақа бо Толибон дар тамос аст, аммо масъалаи ба расмият шинохтани ин гурӯҳ матраҳ намешавад.
Сергей Лавров изҳор доштааст, ки Маскав аз Толибон мехоҳад то як давлати фарогирро аз ҳар лиҳоз дар Афғонистон ташкил диҳад.
Лавров дар ҳошияи нишасти клуби байнулмилалии "Валдай" 19 октябр ба хабарнигорон гуфт: :Мо онҳо (Толибон)-ро ташвиқ мекунем то таъаҳҳудҳои худ ҳангоми ба қудрат расидан, аз ҷумла эҷоди давлати фарогирро амалӣ кунанд”.
"Давлати ҷадид дар Афғонистон давлати на танҳо ба лиҳози қавмӣ, балки бар асоси эътиқодҳои сиёсӣ устувор бошад ва намояндагӣ аз тамоми ҳизбҳо дар кишвар кунад", - зикр кардааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки Русия қаблан дар бораи барқарор намудани “қолаби Маскав” оид ба масоили Афғонистон изҳори омодагӣ карда буд. Дар “қолаби Маскав” ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Чин, Покистон, Ҳиндустон, ИМА, Эрон, Русия ва намояндагони Афғонистон иштипрок мекунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
От "Связи" до "Дусти": Как менялась главная площадь Душанбе?
Что будет, если в Землю врежется небольшой астероид?
Таджикская девушка-боец: Как Фотима Холова остается сильной
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста