Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш тарки Душанбе кард. Ӯ дар як паёми хайрбод гуфт, ки “рӯзҳои фаъолияти кориям ба унвони сафири Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ба шитоб ба анҷом расид”.
Собирӣ гуфт, “дар давоми қариб панҷ сол, ки маро вақт буд, бисёр талош кардам, ки оби ширини дӯстии ду кишвари тамаддунсози Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш равон ва зулол шавад”.
“Миёни Эрону Тоҷикистон ҳеҷ “дуӣ” ва “мову туӣ” нест, ҳарчӣ ҳаст ягонагӣ ва якрангӣ аст! Ҳақиқатан, ҷойгоҳи ин сарзамини бошукӯҳ ва мардумони хастагинопазири тоҷик назди мо эрониён ҳамон аст, ки Мавлоно гуфт: Аз “ман”-и ман мантаранд”, - таъкид кард Собирӣ.
Муҳаммадтақии Собирӣ дар идома афзуд, ки “ба рағми фарозу фуруди садаҳои пешин мардумони ин сарзамини куҳанбунёд ҳаргиз пайвандҳои дерин ва ширини хешро бо сарзамини ниёконии Эронзамин нагусастанд ва ба равишҳои гуногун ресмони фарҳанг ва ҳувияти хешро бо ҳавзаи забонӣ ва тамаддунии хеш пайвастанд”.
Ӯ дар поёни паёми худоҳофизиаш таманно кардааст, ки “муносибатҳои Эрону Тоҷикистон ҳамвора хуррамтару сабзтару шодобтар бошад ва аз газанди аҳриманону наҷафи душманон дар амон бимонад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаммадтақии Собирӣ моҳи марти соли 2019 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардида буд.
То сафир таъйин шудан Муҳаммадтақии Собирӣ мудири кулли Дафтари барномарезӣ ва таъмини манобеъи Созмони навсозӣ, тавсеа ва таҷҳизи мактабҳои Эрон, мудири кулли ташкилот ва буҷа ва муовинати умури идорӣ ва молии Вазорати умури хориҷаи Эрон буд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳои Эрон имкон дорад, Алиризо Ҳақиқиён, мудири кулли АвруОсиёи вазорати умури хориҷаи Эрон сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шавад.
“Алиризо Ҳақиқиён, мудури кули АвруОсиёии вазорати умури хориҷа низ бар асоси бархе аз гумонзаниҳои расонаӣ эҳтимолан дар ояндаи наздик ба унвони сафири Эрон дар яке аз кишварҳои Осёи Миёна машғул ба фаъолият хоҳад шуд”, - менависад хабаргузории ИСНА.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Алиризо Ҳақиқиён пеш аз ин сафири Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон будааст.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста