Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нуҳ сол 26 додрасро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кардааст. Ҳарчанд дар фармонҳо дар бораи кирдор мушаххас чизе гуфта нашудааст, вале мувофиқи иттилои расонаҳо, аксари додрасҳо бо гумони ришваситонӣ боздошту зиндонӣ шуданд. Пас чаро вақти барканорӣ кирдори пастзанандаи “шаъну эътибор”-и додрасҳо мушаххас гуфта намешавад?

 

Се додрас аз аввали сол

Мувофиқи иттилои дастрас, дар се соли охир 14 додрасро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шудаанд.

Ҳарчанд дар фармон сабаби мушаххаси барканорӣ гуфта намешавад ва аксар ҳолат Додгоҳи олӣ ҳам шарҳ намедиҳад, вале номи баъзе додрасҳо аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод ошкор карда мешавад ва қисми дигарро рӯзноманигорон пайдо ва расонаӣ мекунанд.

Танҳо дар 5 моҳи соли равон се додрас барои паст задани шаъну эътибори касбӣ аз вазифа озод гардиданд.

Рӯзи 30-юми январ бо як фармони президент якбора ду додрас - Бахтиёр Абдураҳмонзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва Фирдавс Маҷидзода, додраси Додгоҳи шаҳри Левакант аз вазифа озод шуданд.

Дар бораи кирдоре, ки боиси барканории Маҷидзода шуд, иттилое дар даст нест.

Вале Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ду ҳафта пеш аз барканории Абдураҳмонзода хабар дод, ки “ӯ барои сабук кардани ҷазои як судшаванда дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 ҳазору 800 сомонӣ ғайриқонунӣ гирифтааст”.

Бахтиёр Абдураҳмонзода
Сомонаи ҳафтаномаи "Фараж"

Хабари охир дар бораи озод кардани додрас барои паст задани шаъну эътибор ҳафтаи гузашта нашр шуд. Эмомалӣ Раҳмон Ҳанифа Алимзода, додраси додгоҳи шаҳри Кӯлобро барои "паст задани шаъну эътибор"-и додрас аз вазифа озод кард.

Радиои Озодӣ аз қавли як манбаъаш хабар дод, ки “Ҳанифа Алимзода  ба гирифтани ришва гумонбар аст".

 

23000 доллар пора

Насрулло Садриддинзода, собиқ раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам аввал ба гирифтани 23 ҳазор доллар (баъзе манбаъҳо 3 ҳазор доллар гуфта буданд) боздошт ва баъдан, бо фаромони президент барои паст задани  "шаъну эътибори судя” аз вазифа озод шуд.

Акс аз Интернет

Ӯ аввали соли равон барои гирифтани пора 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

​​Садриддинзода моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин шуда буд ва пештар муовини раиси суди ноҳияи Спитамен буд.

 

Якбора се додрас аз вазифа озод шуданд

Рӯзи 30-юми майи соли 2022 президент якбора се додрас - Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Раҳмиддин Раҳимзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Синоро  барои паст задани шаъну эътибор аз вазифа озод кард. Ҳамаи онҳо ба гирифтани пора гумонбар мешуданд.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода
Коллаж Азия-Плюс

Ҳомидҷон Муҳаммадзода бо ҳукми додгоҳ барои гирифтани пора 2 сол равонаи зиндон, вале дертар ҷазои ӯ ба маҳбаси сукунатӣ иваз карда шуд.

Барои гирифтани пора ва чанд иттиҳоми дигар Рустам Саидаҳмадзода ба 6,5 соли зиндон ва Раҳмиддин Раҳимзода ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.

 

1000 доллар пора

Фармони барканории Азизҷон Шарифзода, додраси ҳамакнун собиқи Додгоҳи шаҳри Гулистон барои паст задани шаъну эътибори додрас замоне имзо шуд, ки ӯ аллакай аз сӯи кормандони Оҷонсии зиддифасод бо гумони ришваситонӣ боздошт шуда буд.

Радиои Озодӣ дар бораи боздошти ӯ "ҳангоми гирифтани ҳазор доллар” рӯзи 8-уми декабри соли 2021 хабар дод, фармони президент як ҳафта қабл 15-уми декабр содир шуд.


Азизҷон Шарифзода як сол ҳамчун додраси Додгоҳи шаҳри Гулистон кор кард. Аз ин пештар дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси додрас кор мекард.

 

5000 сомонӣ пора

Соли 2021, як рӯз пеш аз нашри фармон дар бораи барканории Носирхон Сафарзода, собиқ додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, хабари даст ба фасод задани ӯ расонаӣ шуд. Он замон “Азия-Плюс” аз қавли як манбаъаш аз Оҷонсии зиддифасод навишт, ки ӯ ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ пора гумонбар мешавад.

Носирхон Сафарзода
Акс аз Фейсбук

Сафарзода бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон буд. Маълум нест, ки ӯ барои ин кирдор чӣ ҷазо гирифт ва ҳоло чӣ тақдир дорад.

 

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд, дар фармониҳои президент оид ба кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, мушаххас дар бораи ришвахории бархе дордрасҳо чизе гуфта намешавад, вале ӯ дар суҳбатҳои алоҳидаи худ аз ришвахории додрасҳо нигаронӣ ва онро интиқод  карда буд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судӣ дар соли 2019 гуфта буд, ки “амали коррупсионӣ на танҳо обрӯ ва нуфузи мақомоти судиро паст мекунад, балки эътимоди мардум ва эътибору эҳтироми давлатро коста мегардонад”.

Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон даст ба ҷиноят задани додрасҳоро “ҳолати бисёр ташвишовар ва камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ” унвон карда буд.

Мулоқоти президент бо додрасҳо дар соли 2019
Хадамоти матбуотии президент

Вай ҳамзамон афзуда буд, ки даст ба ҷиноят задани чанд додрас наметавонад бовари мардумро ба қарори дурусти додгоҳҳо кам кунад.

Аксари онҳое, ки барои паст задани шаъну эътибори додрас аз вазифа озод шудаанд, ба ришваситонӣ гумонзад ҳастанд ва гуноҳи аксарашон тасдиқ шудаву ҷазо ҳам гирифтанд. Пас чаро мақомот мушаххас дар бораи кирдоре, ки онҳо содир мекунанд, хабар намедиҳанд?

 

“Нигоҳ доштани эҳтироми додрас дар ҷомеа”

Шокирҷон Ҳакимов доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ бар ин назар аст, ки сабаби пинҳон кардани кирдори анҷомдодаи додрасҳо нигоҳ доштани эҳтироми додрасҳо дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.

“Бо вуҷуди ҷой дошатни ин масъала ҷомеаи Тоҷикистон ба судяҳо ниёз дорад. Агар кирдори анҷомдодаи онҳоро расонаӣ кунанд, дар байни ҷомеа овозаҳо пайдо мешаванд ва боварии ҷомеа нисбати адолати судӣ аз байн меравад”, - гуфт ин ҳуқуқдони тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, баъзе додрасҳо бо додани пора ва ё истифода аз мансаби хешовандашон ба курсии додрасӣ менишинанд ва барои рӯйпӯш кардани хароҷотҳои худ ва беҳбуд бахшидан ба рӯзгорашон ба гирифтани пора даст мезананд.

Шокирҷон Ҳакимов

Ба таъкиди вай, маҳз номукаммалӣ ва меъёрҳои духурае, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мавҷуд аст, боиси ба ҷиноят даст задани додрасҳо мегардад.

 

“Барои паст накардани обрӯи ҳокимияти судӣ”

Ватан Абдураҳмонов, додраси бознишастаи тоҷик низ мегӯяд, сабаби аслии ошкор накардани кирдори анҷомдодаи додрасҳо ин латма назадан ба обрӯи ҳокимияти судӣ дар кишвар ва кам нагардидани боварии ҷомеа нисбати онҳо аст.

Ӯ дар сӯҳбат  бо “Азия‑Плюс” афзуд, “хадамотҳои матбуотии додгоҳҳо масъул ҳастанд, ки ошкоро амали анҷомдодаи додрасҳоро нависанд, то ҷомеа огоҳ шавад, ки ин ё он додрас барои чӣ аз вазифа озод гардиданд”.

Ватан Абдураҳмонзода

Абдураҳмонов зикр намуд, ки сабаби аслии ба ришвахорӣ даст задани додрасҳо паст будани маоши онҳо аст.

“Барои пешгирӣ кардан аз  ҳолати ришвахории додрасҳо бояд ба  қонун  “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид шавад ва маоши додрасҳоро баланд карда шавад”, - гуфт ин додраси собиқ.

Мувоффиқи омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар додрас фаъолият мекунанд, ки аз тарафи президент ба вазифа  таъйин ё барканор мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.