Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз қочоқи миқдори зиёди маводи муххаддир ба ҷумҳурӣ пешгирӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ҳафтаи гузашта марзбонон бо кормандони КДАМ дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шурообод” 2 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддирро аз Афғонистон ба қаламрави кишвар пешгирӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-иктишофӣ дар ҳар ду ҳолат аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводҳои нашъаовар бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ба иттилори манбаъ, қочоқбарони афғон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи задухӯрд қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, аз торики шаб истифода бурда ба самти Афғонистон фирор карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодисаҳо, 29 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афъюн, 76 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуда, оид ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста