Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ки ҳамеша ҷонибдори нигаҳдории тартибот дар Хоруғ буда, имрӯз дар ҳамдастӣ бо мақомот дар мавриди пешгирии қонуншиканиҳо байни ҷавонон дар шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар Хоруғ дар дасти аҳолӣ дигар силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда боқӣ намондааст. “Агар он вуҷуд медошат, оташ мекушод”, - хабар дод ӯ ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.
Аммо, ба гуфтаи Айёмбеков ахиран ӯ дар шаҳри Хоруғ чунин ҳодисаҳоро дар хотир надорад.
Қобили зикр аст, ки Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазориев аз ҷумлаи пешвоёни ғайрирасмии ВМК шуморида мешаванд, ки дар вилоят нуфузи зиёд доранд.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков, ки рӯзи 15 октябр ҳамроҳи чор ҷавони дигар барои итоат накардан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд, баъдтар озод карда шудааст.
“Дар автомашинае, ки ронандааш ба кормандони БДА итоат накард, ӯ танҳо мусофир буд. Абдураҳмон ҳушёр буда, ба намояндагони ҳокимият ҳеҷ гуна муқобилияте нишон надодааст”, - изҳор намуд Толиб Айёмбеков.
Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки субҳи имрӯз писараш ва ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков ихтёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтанд. “Алҳол намедонам, ки дар кадом воҳиду дар куҷо хизмат хоҳанд кард”, - афзуд ӯ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста