Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи маълумоти ҳукумат оид ба низоъ дар қитъаи номуайяни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қарор қабул кард.
Вакилон маълумотро дар бораи муноқиша баррасӣ карда, ба ин санад муҳри “махфӣ” гузоштанд, ки ифшои он манъ аст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумат ба гуфтушунидҳо дар мавриди суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад идома медиҳад. Вакилон ин масъаларо зери назорат мегиранд.
Кори ҳукуматро Жогорку Кенеш ба сурати умум қаноатбахш арзёбӣ карда, як қатор эродҳо гирифтааст. Аъзои комиссияи таъйин ва аломатгузорӣ ваъда додаанд, ки онҳоро ба инобат мегиранд.
Гуфтушуниди охир, ки дар бораи натиҷаҳояш хабар дода шуд, рӯзи 18-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, доир гардид.
Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.
Дар қаламрави ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ гуфтушунидҳо доир гардиданд, аммо аз натиҷаҳои онҳо маълумот дода нашуд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ низомӣ ва занону ду кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Душанбе и Ташкент задумали совместное проведение геологоразведки на Памире
В Таджикистане подорожала «лошадиная сила»
В ОДКБ выразили обеспокоенность возможным вводом военнослужащих стран Европы в Украину
Таджикистан планирует присоединиться к AFACI для развития сельского хозяйства
Таджикские борцы примут участие в чемпионате Азии-2025 в Иордании
Женщины Таджикистана обратились к Эмомали Рахмону с просьбой смягчить наказание журналистке Рухшоне Хакимовой
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 7 марта 2025 года
Афиша от «Азия-Плюс»: спектакль «Пять жён Ходжа Насреддина», мастер-класс «С любовью маме» и вечер киномузыки
От «Дивана Лоика» до «Тутинаме». Как прошла выставка-продажа книг в Душанбе
В Душанбе открыли новый магазин La Cité
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста