Аз 18 то 23 октябр дар машқгоҳҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон – “Момирак” ва “Ҳарбмайдон” дар доираи тамрини муштараки фаврӣ ва стратегии “Боевое братство-2021” тамринҳои низомии махсуси «Эшелон-2021», «Поиск-2021» ва машқи муштараки «Взаимодействие-2021» баргузор мешаванд.
Зери назорати сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзод ва сардори Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) генерал-полковник Анатолий Сидоров гуруҳи Неруҳои дастаҷамъии СААД вазифаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти махсус оид ба бартараф намудани низои мусаллаҳи сарҳадии марбут ба талошҳои вуруди ҷангиёни созмонҳои байнулмилалии террористиро ба қаламрави Тоҷикистон мавриди омӯзишу дар амал месанҷанд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Ин тамринҳо аз машқҳои воҳидҳои тадорукот ва роҳандозии иктишоф (разведка) “Поиск-2021”, воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2021” ва Нерӯҳои дастаҷамъии зудамал - “Взаимодействие-2021” иборатанд.
Дар ҷараёни тамрини махсуси “Эшелон-2021” санҷишу таҷрибаи масоили ташкили таъминоти моддиву техникии неруҳои дастаҷамъонаи СААД зимни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак мавриди озмоиш ва амал қарор мегирад.
Ҳадаф аз тамрини “Поиск-2021” (Ҷустуҷӯ-2021) санҷиш ва дар амал озмоиш кардани ташкил ва пешбурди корҳои иктишоф (разведка) бо неру ва воситаҳои мақомоти иқтишофии кишварҳои узви Созмон мебошад.
Дар доираи тамрини муштараки “Взаимодействие-2021” (Ҳамкории мутақобила) Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД масоили омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак оид ба пешгирӣ ва қатъи низои мусаллаҳонаи сарҳадиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди озмоишу амал қарор медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳайати СААД кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Аъзои Машварати ҳамоҳангсози Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парлумони кишварҳои аъзои СААД дар назди Шӯрои парлумонии Ассамблеяи СААД, намояндагони Ҷумҳурии Сербия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муғулистон, намояндагони ҳарбӣ, инчунин намояндагони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ба марҳилаи хотимавии тамринҳо даъват карда шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки Неруҳои дастаҷамъии зудамали СААД барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиду хатарҳо нисбат ба кишварҳои аъзи Созмон таъин шудаанд. Ин неруҳо бар асоси Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД аз 4 феврали соли 2009 ташкил карда шудаанд. Шумори умумии ҳайати он ҳудуди 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста