Айни замон дар Тоҷикистон нафақаи аз ҳама бузург - 15 ҳазор сомонӣ ба 9 нафар пардохт мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 50 маротиба камтар аст.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли гузашта 9 нафар ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирифтанд. Аз ифшои ному насаби ин нафарон муовини аввали роҳбари Агентӣ Назокуат Одиназода худдорӣ варзида, танҳо хабар дод, ки ду нафар аз ин нафақахӯрон фавтида, вале нафақаҳои онҳо акнун ба кӯдакони ноблиғашон пардохт мешавад.
«Ҳаҷми нафақа ба собиқаи корӣ ва маблағи пардохтшудаи музди меҳнат вобаста аст», - иброз дошт намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Н.Одиназода, аз 1 январ дар Тоҷикистон ҳадди ниҳоии пардохти нафақа бекор шуда, то охири соли гузашта он 748 сомонӣ ва ҳаҷми ҳадди ақал - 156 сомониро ташкил медод.
Тибқи маълумоти Агентии мазкур, соли 2016 ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар - 274 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоӣ - 144 сомониро ташкил додааст. Соли гузашта шумори умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 642 ҳазору 927 нафарро ташкил дода, 144,6 ҳазор нафари онҳо нафақаи маъюбӣ мегирифтаанд.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандон ҷиҳати муайян кардани маъюбӣ аз санҷиши такрорӣ гузашта, бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ ва иҷтимоӣ пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошта шудааст.