Ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол 15 апрел таҷлил мегардад, дар Душанбе бо иштироки варзишгарони хориҷӣ Ниммарафони VIII байналмилалӣ баргузор мешавад.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ниммарафон аз буҷети шаҳр беш аз 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) мабдағ ҷудо карда мешавад.

Чорабинии мазкур бо мақсади «таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта» доир мегардад.

Дар қарори мазкур ба тасдиқи низомнома, ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти Ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе дастур дода шудааст.

Кумитаи тадорукот 15 апрели соли 2017, соати 09:00 мусобиқаи Ниммарафони VIII байналмилалии Душанберо мутобиқи хати дави муайянгардида доир менамояд. Ҳамчунин Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо раҳбарияти пойтахт ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинии зикршуда вазифадор шудааст.

«Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд», - қайд мешавад дар қарор.

Қобили зикр аст, ки нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарони аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.