Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки волидон ба интихоби ном барои тифлашон аз “Феҳристи номҳои миллӣ” уҳдадор нестанд.
Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Маҳмад Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки ин ташаббус танҳо тавсия аст.
“Волидон мустақилона ба интихоби ном барои тифлашон ҳуқуқ доранд, - иброз дошт ӯ. - Масалан, ман набераамро Ашкиноз ном гузоштам, ки ин ном дар феҳрист ҷой надорад, вале ман бо мактуб ба комиссияи махсус муроҷиат карда, онҳо номи интихобкардаи маро маъқул шумориданд”.
Номбурда ба волидоне, ки ба тифлонашон номҳои гӯшнавозу ғайриоддӣ гузоштанианду он дар феҳрист зикр нашудааст, тавсия дод, ки бо пешниҳоди худ ба комиссия муроҷиат кунанд.