Бо кисаҳои холӣ дар ҳавои кушод

Чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки дар гузаргоҳи Оқсарой (Аксарайск) дар марзи Русия бо Қазоқистон рӯзи 2 ноябр сарҳадбонони Русия онҳоро аз қатораи самти Маскав - Душанбе боздошт ва фаровардаанд ва шумори онҳо наздики 200 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Оқилҷон ном шахс ӯро барои маълумотномаи бозгашт ба ватан, ки аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав додаанд, аз қатора фароварда, бозпурсӣ ва санад тартиб додаанд.

«Ин ҷо даҳҳо нафар дар ҳавои кушод, дар платформаи роҳи оҳан дар хунукӣ нишастаанд, миёни мо занону кӯдакон низ ҳузур доранд, - мегӯяд ӯ. - Имрӯз муҳлати амали маълумотномаи ман ба итмом расид, акнун ман билет харам ҳам рафта наметавонам».

Маълумотномаи бозгашт ба ватан шаҳодатномаи муваққатии шахсияти шаҳрванди Тоҷикистон буда, ба бозгашти ӯ ба ватан ҳуқуқ медиҳад. Он ба муҳлати на бештар аз 60 рӯз аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дода мешавад.

Сафорати Тоҷикистон нота фиристод

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ хабар дод, сафорат дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, доир ба вазъи шаҳрвандони кишвараш дар вилояти Астрахан нигаронӣ изҳор кардааст.

«Сафир имрӯз бо намояндагони ВКХ Русия вохӯрда, ин мушкилотро баррасӣ кард, - иброз дошт ӯ. - Дарвоқеъ ҳам шурӯъ аз 2 ноябр шаҳрвандони моро аз қатораҳои раҳсипор ба Тоҷикистон мефароранд. Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, ҳозир он ҷо беш аз 150 нафар қарор доранд».

Ӯ ҳамчунин гуфт, гурӯҳи намояндагони сафорат, хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати кишвар ва намояндагони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба вилояти Астрахан сафарбар шуда, ба мушкилот расидагӣ хоҳанд кард. «Дар ҳамон ҷо ба ивази ҳуҷчатҳои гумшуда ё муҳлати амалашон гузашта, маълумотномаҳои нав медиҳем», - қайд кард номбурда.

Намояндаи сафорат ҳаққонӣ будани маълумотномаҳои додашуда ба ивази шиносномаҳои муҳлаташон гузаштаро тасдиқ намуда, дар ҳамин ҳол, зикр кард, ки шаҳрвандони мо дар риояи қонунгузории муҳоҷирати Русия низ мушкилот дошта, муҳлати қайди аксарашон гузаштааст.

Қаблан чунин рафтор намекарданд

Як манбаи огаҳ дар доираҳои дипломатӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки пештар низ муҳоҷирон ба чунин қонуншиканиҳо роҳ медоданд, лекин бо чунин тарзи оммавӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қатораҳо намефароварданд.

«Ин дафъа пулиси Русия тасмим гирифтааст, ки қонунгузориро қотеъона риоя намуда, шаҳрвандони моро аз қатораҳо фарорад, санад таҳия кунад, тариқи суд ҷарима бандад ва сипас ихроҷ намояд», - иброз дошт номбурда.

Айни замон шаҳрвандонии Тоҷикистон, ки бепулу сарпаноҳ дар ҳавои кушод мондаанд, аз ҳукуматдорони кишвар дархост доранд, ки барои бозгашт ба ватан кумак кунанд.

«Дар ин вазъ мо касеро гунаҳкор намедонем. Дархост дорем, ки барои бозгашт ба ватан ёрӣ расонанд. Аксари мо барои харидани билет пул надорем. Касе, ки пул дошт, дар муддати як ҳафта харҷ шуд. Мо аз корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш мекунем, ки барои ба хонаҳоямон баргаштанамон кумак кунанд. Бигзор моро ба қатораҳои худамон савор карда, ба хона, назди оилаҳоямон фристанд. Ба мо кумак кунед, мо намедонем дигар ба куҷо муроҷиат кунем», - мегӯянд муҳоҷирон.