Ширкати миллии «Тоҷиктелеком», трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад.
Директори генералии «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов дар ин робита ба журналистон изҳор намуд, ки ба гунаи мисол чунин тартибот дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон амал мекунад.
«Қирғизтелеком» ва «Ӯзтелеком» ба провайдерон интернет мефурӯшанд. Аз лиҳози техникӣ мо ҳам чунин имкон дорем. «Тоҷиктелеком» низ ба харидани интернет ва минбаъд тақсимоти он имкон дорад», - қайд кард Ҳимматов.
Ба гуфтаи ӯ, провайдери миллӣ алллакай ба харидани интернет аз ҳамсоякишварҳо оғоз намуда, онро байни провайдерон тақсим мекунад. «Озмоиш гузаронида шуда, аз ҷузъиёташ баъдтар маълумот медиҳем», - иброз дошт ӯ.
Ба саволи журналистон бобати ба қонунгузориии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти монополӣ (инҳисорӣ) дар бозори маҳсулот мухолифат кардани ин навгониҳо, Ҳимматов посухи манфӣ дод. «Ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Ҳимматов илова намуд, ки аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.
Тибқи маълумоти ахир, дар Тоҷикистон наздики 1,6 млн. нафар аз интернет истифода мекунанд, ки аз шумори умумии аҳолии кишвар 19%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳоле ки «Тоҷиктелеком» тарифҳои дастрасӣ ба интернетро поин мебарад, ширкатҳои мобилӣ ва провайдерон аз нархҳои баланди «Тоҷиктелеком» ба харидории интернет шикоят доранд.
Ба гуфтаи иштирокчиёни ин бозор, акнун ширкатҳои фароҳамсози интернет маҷбуранд, ки аз Тоҷиктелеком» бо нархи 51 ҳазор доллар барои гигабит бидуни назардошти ААИ интернет харанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан онҳо ин миқдор интернетро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Чин яклухт бо нархи аз 10 то 20 ҳазор доллар мехариданд.
«Дар сурати гарон фурӯхтани интернету поин бурдани нархҳо, мо бо «Тоҷиктелеком» чӣ гуна рақобат кунем?. Ин ҷо ҳтто сари болоравии тарифҳо ҳам сухан намеравад, зеро агар «Тоҷиктелеком» интернетро арзон пешниҳод кунад, пас ӯ бе ягон рақиб мемонад», - мегӯяд яке аз мутахассисони машғули кор дар ширкатҳо.
Ҳамчунин дар ширкатҳои мобилӣ зикр карданд, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани рақобат ва сарчашмаи ягонаи дастрасӣ ба Шабака, интернет дар ҳамаи корбарон якхела бад шуд. «Мо дигар интихоб надорем, лозим меяд, ки чунин интернетро харида, ба муштариёнамон онро пешниҳод кунем», - қайд карданд онҳо.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои «Вавилон», «Билайн», «Мегафон-Тоҷикистон» ва Tcell бо дархости санҷиши қонунӣ будани талаботи Хадамоти алоқа ҷиҳати харидории интернет танҳо аз «Тоҷиктлеком» муроҷиат намуданд. Ин кор баъди имзои созишнома бо Хадамоти алоқа сурат гирифт.
Ба ақидаи онҳо, ин қарор ба талаботи қонун «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва ҳамчунин қарори таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ мухолиф аст.
Тибқи маълумоти Internetlivestats, шумори корбарони интернет аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 дар Қирғизистон - 34% аз шумори умумии аҳолӣ, Ӯзбекистон - 51% ва Қазоқистон - 55%-ро ташкил медиҳад. Танҳо Турманистону Афғонистон дар зинаҳои пасттар аз Тоҷикистон қарор доранд, ки нишондиҳандаҳояшон мутаносибан ба 14,5% ва 6,8% баробар аст.
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Женская команда «Душанбе» в пятый раз стала чемпионом Таджикистана по футболу
В России сократилось число выданных мигрантам патентов
Команда дзюдоистов Таджикистана лишилась 10 спортсменов в борьбе за медали ЧМ
Всё, что нужно знать про список мигрантов-нарушителей в России
В Таджикистане обнаружили каменные орудия периода палеолита
Эмомали Рахмон высказал интерес к расширению инвестиций Кувейтского фонда развития в экономику Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста