Гирифтор шудан ба он хеле зуд ва осон буда, оқибатҳояш хеле тӯлониву гарон меафтад. Аксари муҳоҷирон чӣ гуна кор кардани низоми муҳоҷирати Русияро намедонанд, аз ин рӯ аксаран қарорҳои нодуруст қабул мекунанд, ки вазъи бадашонро боз ҳам табоҳтар мекунад, менависад muhojir.news.tj.

«Манъи вуруд чӣ маъно дорад? Ин ҷазо барои шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ки қонунгузории муҳоҷиратро риоя накардаанд ё дар қаламрави Русия ба ду ва зиёда аз он қонуншиканиҳо даст задаанд. Қарори манъи вуруд метавонад аз ҷониби шахси мансабдор (масалан, нозири воҳиди муҳоҷирати ВКД) ё суд содир гардад.

Баъди ин шаҳрванди хориҷӣ дигар барои ҳузур доштан дар қаламрави Русия ҳуқуқ надорад. Ӯ ба иҷрои қарори қонунии мақомоти давлатӣ ё низоми судии Русия дар бораи берун рафтан аз ҳудуди Русия ва барнагаштан то анҷоми муҳлати манъи вуруд уҳдадор мебошад.

Пойгоҳи маълумот ҳамаро зери назорат дорад

Манъи вуруд маънои онро дорад, ки шаҳрванди хориҷӣ дигар барои ҳузури минбаъда дар қаламрави Русия ҳуқуқ надорад, яъне агар дар бораи ихроҷӣ ӯ қарор содир шуда бошад, пас бору буғчаро ҷамъ карда, ҳарчи зудтар мебояд ба ватан раҳсипор шуд.

Муҳоҷироне, ки муҳлати манъро ба як навъе дар Русия гузарониданӣ мешаванд, иштибоҳи бузурге карда, ба кӯдаконе монанд мебошанд, ки пинҳон мешаванду фикр доранд, ки онҳоро касе намебинад.

Вале Пойгоҳи марказии маълумот дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ҳамаро зери назорат дорад: кай ва дар куҷо вуруд шудан, бо кадом асос ба ӯ манъ шудани вуруд ва то ҳол қаламрави кишварро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ.

Дар сурати қаламрави Русияро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ дар муҳлати муқарраршуда, бар асоси ҳамаи гуфтаҳои дар боло зикршуда нисбати  шаҳрванди хориҷӣ метавонад боз як қарори манъи вуруд содир шавад, лекин ин дафъа аллакай ба муҳлати 10 сол.

Қонуншиканони ашаддӣ дар ин самт дар ниҳояти кор боздошту дар қабулгоҳуи махсус нигаҳдорӣ ва зери раҳнамоии посбонон аз қаламрави Русия хориҷ карда мешаванд.

Оила ҳам бояд азоб кашад?

Қисмати зиёди хориҷиён дер ё зуд кӯшиш меуунанд, ки манъи вурудро тариқи суд бекор кунанд ва шахсоне бештар ба ин кор даст мезананд, ки яке аз аҳли оилаашон (зан, шавҳар, фарзандон) шаҳрванди Русия аст, зеро умедворанд, ки қонунгузории Русия инро ба назар гирифта, ба хушбахтии оилавӣ монеъе эҷод намекунад.

 

Баъд муҳоҷир ба ҳеҷ ҷое нарафта, як моҳу ду моҳ, ним сол ва як сол интизор мешавад. Сипас ҳуқуқшиносеро барои худ киро мекунад, ки баҳри ӯ кумак ваъда мекунад. Ин ҳуқуқшинос шикоят таҳия намуда, дар он азобу уқубати оилаи шаҳрванди хориҷшударо зикр мекунад, яъне ба ибораи дигар, ба инсонигарӣ ишора мекунад.

Лекин воқеият аз муқаррароти муайншуда барои муҳоҷират дар низоми судии Русия фарқ дорад. Чунки воқеан муҳоҷир ҷое нарафтааст. Оилааш азобу уқубат намекашад, саробони хона ҷое нарафтааст, фарзандон ҳар рӯз падарашонро мебинанд.

Аз лиҳози ҳуқуқшиносӣ манъи вуруд ҳуқуқҳои оилаи ӯро риоя намекунад. Вале дар амал ин қарор ҳаёти онҳоро тағйир надодааст, яъне ҳамаи шгикоятҳои аз ҷониби ҳуқуқшинос пешниҳодшуда асос надоранд.

Ин ҷо роҳи ҳал танҳо тарк кардани қаламрави Русия ва берун аз қаламрави ин кишвар шикоят овардан аз болои қарори суд мебошад. Шумо метавонед тариқи интернет ё намояндаи қонунии худ дар қаламрави Русия (хешовандон ё адвокатҳо)  аризаи шикоятӣ пешниҳод намоед.

Дар ин ҳолат судя ҳақиқатан ҳам воқиф мегардад, ки оилаатон дар азоб аст: фарзандонатон шуморо пазмон шудаанд, ҳамсаратон як худаш мустақилона аз таъмини рӯзгори оила намебарояд ва ғайраву ҳоказо. Дар ин ҳолат бекор кардани манъи вуруд бештар эҳтимол дорад.

Натиҷагирӣ мекунем:

Русияро тарк кунед, агар бифаҳмед, ки нисбати шумо чунин қарорҳо қабул шудааст:

- қарори манъи вуруд;

- қарори қобили қабул набудани ҳузури шумо дар ин кишвар;

-  ҳалномаи суд дар бораи хориҷ кардан (ва шумо дар муҳлати 10 рӯз аз болои ин ҳалномаи суд шикоят набурдаед).

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо шумо бояд қаламрави Русия тарк кунед. Танҳо дар сурати берун аз қаламрави Русия қарор доштан, шумо метавонед аз болои ин амалҳо шикоят баред.