Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон бар асоси дастури ҳукумат тасмим гирифт, ки боми биноҳои шаҳру навоҳии кишвар ба ранги ягона дароварда шаванд.
Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар заминаи тасмими мазкур раиси шаҳри Душанбе низ қарори дахлдор ба имзо расонидааст.
Акнун, ба гуфтаи Аҳмадзода, боми ҳамаи биноҳое, ки дар пойтахт мавриди истифода қарор мегиранд, бояд ранги мушаххас дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки дастур ҳамчунин ба бноҳои аллакай сохташуда низ дахл дорад.
«Мо исрор намеварзем, ки худи ҳамин рӯз бомҳо иваз ва ба ранги тавсияшуда дароварда шаванд. Ин кор тадриҷан амалӣ мешавад», - иброз дошт ӯ.
Мувофиқи қарори қабулкардаи раиси пойтахт, акнун биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва истеҳсолии соҳили чапи дарёи Душанбе ранги сабз ва соҳили рост - ранги ҷигарӣ (бордовый) мегиранд.
Дар қарор зикр мегардад, ки ин тадбир баҳри «боз ҳам симои зеботару ҷолиб ба худ касб кардани шаҳри Душанбе» рӯй даст гирифта мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамчунин қайд кард, ки ин дастур натанҳо ба шаҳри Душанбе, балки ба ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дахл дорад.
«Иқтидоми мазкур ба он равона гардидааст, ки боми биноҳои мо низ чун дар шаҳрҳои аврупоӣ намуди зебо дошта бошанд», - афзуд номбурда.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.