Санаи 1 сентябр соли нави таҳсил оғоз мегардад, лекин чанде аз  донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар хориҷи кишвар бар асари хеле гарон будани билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон, эҳтимол ба оғози дарсҳо ҳозир шуда натавонанд.

Мо бо чанде аз пайвандону наздикони донишҷӯён дар ин мавзӯъ суҳбат оростем ва муқоисаи нархҳои билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро пешниҳод мекунем.

Нархи билети хатсайри Душанбе - Маскав: 4 ҳазор сомонӣ (420 доллар) - нархи билети хатсайри Тошканд – Маскав: 2 ҳазору 400 сомонӣ (250 доллар) ва нархи билети хатсайри Бишкек – Маскав: 2 ҳазор сомонӣ (220 доллар).

Нархи билети ҳавопаймоии хатсайри Душанбе – Пекин: 6 ҳазор сомонӣ (650 доллар) – хатсайри мустақими Тошканд – Пекин: 4 ҳазору 200 сомонӣ (450 доллар).

Як сокини Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ба писараш то Украина билети ҳавопаймоӣ хариданӣ шуда, нархи онро 4 ҳазор сомонӣ мегӯянд, лекин вақте баъди се соат 4 ҳазор сомонӣ ёфта меорад, нархи билет аллакай ба 4850 сомонӣ расида буд.

Корманди фурӯшгоҳи билетҳои ҳавопаймоӣ Акмал Шарипов мегӯяд, арзиши билетҳо аз онҳо вобаста набуда, ширкатҳои ҳавопаймоӣ худашон нархи онро муқаррар мекунанд. “Онҳо хароҷоти ин хатсайр ва шумори мусофиронро дар мавсим ба инобат мегиранд. Мо аз фурӯш фоизҳои начандон назаррас мегирем”, - иброз дошт ӯ.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон сабаби гаронии билетҳоро ба баланд будани нархи сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Тибқи маълумоти онҳо, дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон қиматтар аст.

Аммо коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки сабаб натанҳо дар гаронии сӯзишворӣ, балки дар мавҷуд набудани рақобат аст. “То дар бозор рақобати солим набошад, интизор шудани поинравии нархи билетҳои ҳавопаймоӣ бефоида аст”, - мегӯянд онҳо.

Коршиноси дигар сабаби гаронии билетҳои ҳавопаймоиро ба хеле гарон будани хизматгузориҳои фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон рабт медиҳад.

“Нархи билет ҳамчунин ба хизматрасониҳои фурудгоҳҳои парвозу нишаст, аэронавигатсия ва хароҷоти дохилии ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ вобаста мебошад. Яке аз сабабҳои гаронии билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд, хизматгузориҳои хеле қимати фурудгоҳҳои мо аст”, - мегӯяд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.