Сокинони биное, ки дар ошёнаи якуми он мағозаи “Олами китоб” (нахуст “Олами кӯдакон”, сипас “Книжный мир”) ҷойгир буд ва ширкати “Шаҳри зебои ман” дар мавриди ҷубронпулӣ ба мувофиқа расиданд.
Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ ва нофаҳмиҳо ширкати “Шаҳри зебои ман” ва сокинони бино дар кӯчаи Лоҳутӣ, 4/33 (Олами китоб) ба созишҳои муайян расиданд, хабар медиҳад ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”.
“Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо кумаки Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ва дастгирии намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муддати ду ҳафта раҳбарият ва намояндагони ширкати “Шаҳри зебои ман” иҷрои шартҳои мутақобилаи шартномаро дар бораи супурдан ва озод кардани хонаҳои кӯчонидамешуда, ҷубронпулӣ ё пешниҳоди манзили муносибро дар биноҳои нав инфиродӣ анҷом медиҳанд”, - хабар доданд аз Марказ.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи сентябр мақомоти шаҳрдории пойтахт дар доираи нақшаи генералӣ ба кӯчонидани бинои мазкур иҷозат дода, сокинони бино охири тобистон огоҳ карда шуданд.
Қисмате аз сокинон ҷубронпулӣ гирифта, ба манзилҳои нав кӯчиданд, лекин қисмати дигар бо шартҳои пешниҳодшуда розӣ набуданд.
Барои 1 метри мурббаъи хонаҳояшон ба сокинон 600 доллар маблағ пешниҳод шуда, лекин онҳо 1,5 ҳазор доллар талаб доштанд.
Қобили зикр аст, ки сокинони бинои кӯчонидамешуда бештар аз он шикоят доштанд, ки раҳбарияти ширкати “Шаҳри зебои ман” бо онҳо мустақимона гуфтушунид намекунад, пешниҳоду вариантҳои дигарро баррасӣ карданӣ нест ва онҳо дар бораи вазъи моливу фаъолияти ширкат ҳеҷ огаҳие надоранд.
Дар ниҳояти кор рӯзи 31 октябр сокинони бино бо роҳбари ширкати “Шаҳри зебои ман” Бахтиёр Ибодуллозода вохӯрда, ӯ изҳор намуд, ки ширкат ба баррасии пешниҳоду вариантҳои сокинон ва гуфтушунид бо онҳо омода аст. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини аввали раиси ноҳияи Шоҳмансур, мудири шуъбаи Хоҷагиии манзилию коммуналӣ ва ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия ҳузур доштанд.
Дар натиҷа ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки муддати ду ҳафта ширкати “Шаҳри зебои ман” иҷрои шартҳои мутақобилаи шартномаро дар бораи супурдан ва озод кардани хонаҳои кӯчонидамешуда инфиродӣ анҷом медиҳад.
Муовини раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни ҳаллу фасли ин масъаларо шахсан зери назорат мегирад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.