Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карданд, ки ба қатъи дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” ва дигар хабаргузорҳо хотима бахшанд. Дар сомонаи “Хабарнигорони бидуни марз” дар ин хусус изҳороти дахлдор нашр шудааст.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки аллакай муддати панҷ моҳ аст, ки сомонаи хабаргузории маъруфи “Азия-Плюс” дар қаламрави Тоҷикистон дастнорас буда, як қатор хабаргузориҳои интернетӣ низ давра ба давра муддати тӯлонӣ таҳти сензура (назорат) қарор мегиранд.
“Дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории мустақили “Азия-Плюс” давра ба давра аллакай муддати чандин сол аст, ки қатъ мешавад, лекин ба чунин муддати тӯлонӣ гоҳ-гоҳ қатъ мешуд: аз 29 ноябри соли 2018 сомона дар қаламрави Тоҷикистон дастнорас аст. Кӯшишҳои идораи сомона дар мавриди шарҳи чунин амал ба девори хомӯшӣ дучор мегарданд: маъмулан ҳукуматдорон худи далели сензураро рад намуда, ба гӯё баъзе “ноқисиҳои техникӣ” ишора мекунанд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар изҳороти АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷуман аз қатъи беасос ва худсаронаи хабаргузориҳо аз ҷониби Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ изҳори таассуф мекунад.
“Бо даъват аз ҳукумати Тоҷикистон дар риояи иҷрои ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳамчунин уҳдадориҳои байнулмилалии худ дар бахши озодии баён хотиррасон менамоем, ки ҳама гуна қарорҳои бемулоҳизаи ҳукумат ба тақвияти имконоти эътирозии чомеа мусоидат мекунанд”, - қайд мекунад Қаршибоев.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар баробари хабаргузорҳо, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо, ҳамчунин хадамоти Google ва сомонаи YouTube низ қатъ мешавад. Қайд мешавад, ки ҳукуматдорон аз соли 2018 дастрасӣ ба интернетро монополия кардаанд, ки ба онҳо барои қатъи дастрасӣ ба ҳама гуна хабаргузориҳо бидуни муроҷиат ба операторон имкон медиҳад.
“Сензура дар интернет яке аз сабабҳое мебошад, ки Тоҷикистон анун дар зинаҳои поёнии Рейтинги ҷаҳонии озодии матбуот қарор дорад. Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил танҳо ба паҳншавии ҳар гуна овозаҳо ва афзоиши таъсири ВАО-и Русия дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Ин барои кӣ фоидаовар аст? Ҳукуматдорон чанде қабл аз қарори боло бурдани нархи алоқа даст кашиданд, аз онҳо даъват мекунем, ки нисбати сомонаҳои хабургузориҳо низ аз чунин мулоҳиза кор гирифта, қатъи дастрасиҳоро бекор кунанд, - таъкид месозад Йоханн Бир, роҳбари шуъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии “Хабарнигорони бидуни марз”.
Ёдрас мекунем, ки сармуҳаррири гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов дар ин маврид чунин изҳори назар карда буд, ки қатъи дастрасӣ метавонад ба он вобаста бошад, ки “Азия-Плюс” чандин бор аз нашри маводи аз ҷониби баъзе сохторҳои давлатӣ пешниҳодшуда худдорӣ варзид.
“Агар байни радкунии мо ва қатъи дастрасӣ дарвоқеъ ҳам робитае бошад, пас Тоҷикистон ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки сомонаҳоро на барои нашри мавод дар онҳо, балки барои рад кардани нашри мавод низ дастнорас мекунад”, - навишта буд ӯ чанде қабл дар яке аз маводаш.
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги озодии баён, ки аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” таҳия мешавад, соли 2018 байни 180 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 161-умро ишғол намуд. Як аз сабабҳо – сензура дар интернет аст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қаблан чандин маротиба дахолати ҳукуматдоронро ба фаъолияти сомонаи хабаргузориҳо рад намуда, шарҳ медод, ки дастнорас будани сомонаҳо ба сабабҳои техникӣ марбут аст. Дар ҳамин ҳол, пас аз ифтитоҳи Маркази ягонаи коммутатсионӣ танҳо Хадамоти алоқа дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ карда метавонад, зеро интернет танҳо аз ин марказ харидорӣ шуда, Хадамоти алоқа интернетро аллакай бо сомонаҳои дастрасиашон қатъшуда мефурӯшад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.