Бонки миллии Тоҷикистон айни замон назарсанҷие гузаронида, дар ҷараёни он муносибати аҳолии кишварро ба ҷорӣ шудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маълум карданист.
То ин дам қариб 3,9 ҳазор нафар дар назарпурсӣ ширкат варзида, наздики 80%-и онҳо посух додаанд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳе надоранд.
Беш аз 12% ҷорӣ шудани низоми нави пулакии суғуртаи тиббиро дастгирӣ намуда, ҳудуди 8% бо зикри “аз он ба мардум ягон фоида нест” мухолиф овоз додаанд.
Ба саволи “Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ Шумо ба ташкилоти суғуртавӣ муроҷиат кардаед ё не?”, наздики 86% посухи рад дода, 13% қайд кардаанд, ки муроҷиат карда, вале пардохти суғуртавӣ нагирифтаанд. Каме бештар аз 1% посух додаанд, ки муроҷиат намуда, пардохти суғуртавӣ гирифтаанд.
Айни замон дар ташкилотҳи суғуртаи Тоҷикистон (сарфи назар аз шакли моликият) мутобиқи қонун “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҷараён дорад.
Ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмии тиббӣ мутобиқи қонуни ҳанӯз соли 2008 қабулшуда “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар ҶТ” мебоист соли 2014 оғоз мегардид, лекин амалисозии ин ташаббуси ҳукумат то соли 2017 ва баъдан то соли 2022 мавқуф гузошта шуд.
Сабаби ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шудани ҷорисозии низоми нави суғуртаро дар сохторҳои марбута ба камбуди воситаҳо нисбат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ 20 ширкат (17 ғайридавлатӣ, 2 давлатӣ ва 1 маркази дастгирии мутақобилаи суғуртавӣ) амал мекунанд. Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ), ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.