Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба «Спутник», аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.
Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 20 кишвари аз ҳама сафари сайёҳиашон бештарро дар раддабандӣ муаррифӣ намудааст. Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷойгиранд.
Зимнан зикр мегардад, ки Россия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Россия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода чанде қабл хабар дод, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, минбаъд шумори сайёҳони хориҷӣ тадриҷан меафзояд.
Соли 2018, тибқи маълумоти Кумита, 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2017) 2,6 баробар зиёдтар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какие достопримечательности можно посмотреть в Иране?
Google сам себе разрешил использовать ИИ для создания оружия и технологий слежки
Чемпионат Таджикистана – третий снизу в рейтинге лиг стран бывшего СССР
Президент США заявил о "неслыханном уровне коррупции" в USAID и потребовал его закрыть
Эмомали Рахмон подписал указ о повышении зарплат, пенсий и стипендий
Как изменились ставки земельного налога в Таджикистане?
Трамп допустил вероятность встречи с Зеленским на следующей неделе
ФФТ рассказала, как в Душанбе отметят Всемирный день футбола
Журнал Time поместил на обложку Илона Маска в президентском кресле
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Возможное повышение тарифов на электроэнергию, «шокирующий» приговор и чудесное спасение младенца
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста