Марҳилаи ҷарроҳии чоруми Осияи 6-сола  зиёда 1,5 соат тӯл кашид ва наздиконаш мегӯянд, ки дар ҳавлии беморхонаи Маркази тиббии шаҳрии 3 интизорӣ мекашиданд.

Бибии Осия, Фотима Зулфонова, дар суҳбат гуфт, ин чаҳорум ҷарроҳии наберааш аст ва хеле тӯл кашид. Ба гуфтаи Фотима, “табибон гуфтанд, ҷарроҳии имрӯза аз пештара фарқ дорад, чун имрӯз аз ҷойҳои насӯхтаи бадан пӯст гирифта, ба ҷойҳои сӯхташуда мегузоранд. Духтарам азоб кашид ва мо низ хонаву дарро дигар фаромӯш кардаем. Шабу рӯзро дар беморхона мегузаронем”.

Бибии Осия
Asia-Plus

Дирӯз Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи маркази мазкур низ гуфта буд, ки фардо ҷарроҳии чоруми Осия бо профессори олмонӣ Эдгор Бимер гузаронида мешавад, аммо гуфт аз ҳолати бемор вобастагӣ дорад.

Маълум мешавад, ки саломатии Осия рӯ ба беҳбудист, ки чаҳорум ҷарроҳии ӯ низ анҷом дода шуд.

Ҳоло Осияи хурдсолро ҳамсари амакаш нигоҳубин мекунад. Ба гуфтаи Фотима Зулфонова, вазъи саломатии модари Осия дар беморхона бад шуд ва ӯ дар хона ба нигоҳубини ду писари хурдсолаш машғул аст.

1/2

“Модари Осия аз дидани ин манзараҳо дигар тоқат накарду бемор шуд. Рӯзи охирини дар беморхона буданаш табларза шуд, ӯро ба хона бурдем. Ҳоло Осияро зани амакаш нигоҳубин мекунад ва саломатиашро хеле хуб арзёбӣ менамояд”, илова кард мавсуф.

То чанд маротибаи дигар Осия ҷарроҳӣ хоҳад шуд, феълан маълум нест. Вале Худи Эдгар Бимер табиби олмонӣ вазъи саломатии ноболиғро муътадили вазнини миёна арзёбӣ кард ва барои табобати Осия тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Гуфта мешавад, Эдгар Бимер аз рӯи таърихи пешакӣ омӯхтаи бемории Осия Зулфонова бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Бояд гуфт, барои муоинаи Осия Зулфоноваи 6-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 19 июн бо ҷароҳатхои вазнин аз сӯхтор ба беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ гашта буд, аз Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (Комбусталогия), ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер бо даъвати президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе ташриф овард.