Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома дорад. Бо оғози маърака дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ далелҳои маҷбурӣ ҷалб кардани ҷавонон ба хизмат ё ба қавле “облава” нашр шуданд. Рӯзи аввали даъват хабарнигори мо Абдуллоҳи Ғурбатӣ низ ба “облава” афтод.
Дар бисёр ҳолатҳо волидон ва даъватшавандагон сабаби даст кашидан аз хизматро ба шароити номусоид ва бузургсолорӣ (дедовщина) дар артиш нисбат медиҳанд.
Сарвари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев ҳалли самарабахши ин мушкилро пешниҳод кард, ки дар зер манзуратон мегардонем.
Ҳамасола дар ҷомеаи мо ду маротиба мушкиле бо номи “облава” рӯйи кор меояд, ки дар ҷараёни он ҷавонони синну соли мувофиқ ба даъват дар кӯчаву аз хонаҳояшон маҷбурӣ дастгир шуда, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Акнун баъзан ба ин амал кормандони милитсия низ ҷалб мешаванд, ки ба обрӯву нуфузи ин ниҳод дар ҷараёни ислоҳоти пешбинишуда осеб меорад. Сабаби асосии ба ин кор даст заданро шахсони ваколатдор ҳамеша чунин шарҳ медиҳанд, ки “бидуни ин кор мо нақшаи даъватро иҷро карда наметавонем”.
Аммо роҳи ҳалли мушкил вуҷуд дорад. Бигзор пешниҳод нав набошад ҳам, ин роҳи самарабахши ҳаллу фасли масъала аст: барои касоне, ки хизмат кардан намехоҳанд, пардохтпулии расмиро барои озод шудан аз он ҷорӣ кардан зарур аст.
Бояд ҳама барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ пул пардозанд (ба ҷуз шахсоне, ки тибқи қонун аз хизмати ҳарбӣ озоданд). Яъне дохил шудан ба мактаби олӣ набояд шахсро аз хизмати ҳарбӣ озод кунад. Аммо ҳамаи маблағи ҷамъшуда аз ин пардохтпулиҳо бояд танҳо барои касоне истифода шавад, ки ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд.
Барои мисол:
Соли 2019 аз ҳисоби шахсоне, ки хизмат кардан намехоҳанд, 100 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Соли 2020 ба хизмат даъват кардани 15 ҳазор нафар зарур аст. Зимни даъват эълон мешавад, ба касоне, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, 6500 сомонӣ пул дода мешавад. Зиёд бовар дорам, ки агар ин пурра (100%) набошад ҳам, ба таври назаррас ин мушкилро ҳал мекунад.
Натиҷаҳои зерин ҳосил мешавад:
- амалҳои коррупсионӣ кам мешаванд;
- ҷавонон ҳар сол ду маротиба пинҳон нашуда, бемалолу озодона ба фаъолияти худ (таҳсил, кор ва ғайра) машғул мешаванд;
- ҳавасмандсозии иловагӣ барои шахсоне, ки хизмат мекунанд. Таъминоти беҳтар;
- ва дар ниҳояти кор хотима ёфтани мушкили нанговаре чун “облава”.
Касе шояд бигӯяд, ки ин қобили қабул нест ва дар ин сурат танҳо фарзандони шахсони дорову сарватманд аз хизмат озод мешаванд. Хайр, чизе нест, ҳозир чӣ миқдор чунин шахсон фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд?
Шахсони доро бо ин ё он восита фарзандони худро аз хизмат “эмин нигоҳ медоранд”, лекин пул ба ҷойи дигар меравад. Пас, ҳадди ақал, бигзор афроди дигари мушаххас даромад гирад.
Албатта, нафароне, ки ҳар сол аз ҳисоби фурӯхтани билетҳои ҳарбӣ, “корношоям” эътироф кардани даъватшавандагони солим, дастгир ва пулгирӣ барои ҷавоб додан даромади хуб мегиранд, мухолифи ин пешниҳоданд.
Аммо боз соли 2020 фаро мерасаду ҷавононро рӯйирост дар кӯчаҳо “медузданд”. Ин шармовар буда, лоиқи давлату мардуми мо нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В России остановлена продажа аромаингаляторов. Чем они опасны для подростков и есть ли они в Таджикистане?
КЧС Таджикистана получил дроны и спецтехнику для спасательных операций
Военную одежду в Таджикистане будут продавать только по предъявлении служебного документа
При пожаре на агроферме в Татарстане погибли шесть граждан Узбекистана
Грязный воздух в Душанбе: дышите неглубоко и реже
Узбекистан и Казахстан станут партнерами БРИКС
В США за четыре года задержали 825 граждан Таджикистана
В России введут ГОСТ на шаурму
В Таджикистане отмечена рекордно низкая за все годы независимости инфляция
Дружба дружбой, а бизнес бизнесом. Узбекистан повысил растаможку таджикского цемента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста