Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки тарифҳои хизматрасонии худро ба таъминот бо об ва берун баровардани партовҳо боло барад.
Ба гуфтаи муовини аввали директори корхона Баҳром Саидзода, ин пешниҳод айни замон мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ қарор дорад.
“Гап сари он аст, ки дар ҳолати 4 сомонӣ нарх доштани арзиши аслии хизматрасонии таъминкунӣ бо об, мо онро ба аҳолӣ ба ҳисоби миёна бо нархи 1 сомониву 9 дирам мефурӯшем, - қайд кард муовини директори корхона Бахтиёр Сафарзода. - Дар ин давра нархи барқ боло рафт, ки дар кори пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад. Ғайр аз ин, мо қарзҳои беруна низ дорем, ки барои пардохти он ба мо маблағ зарур аст. Умедворем, ки ҳукумат пешниҳоди моро дастгирӣ мекунад”.
Дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттилоъ доданд, ки имрӯз корхона ба 13%-и аҳолии Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунад. Хадамоти коммуналии шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Файзобод, Норак, Кӯлоб, Ёвон, Ваҳдат, Варзоб, Шаҳринав ва Турсунзода ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеъ мебошанд.
Айни замон тарифҳои хизматрасонии таъминот бо об барои аҳолӣ ба ҳисоби миёна 1,09 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ, муассисаҳои буҷетӣ - 2,02, корхонаҳои тиҷоратӣ - 3,48 сомониро ташкил медиҳанд. Тарифҳо барои хизматрасонии обу корез барои аҳолӣ ба 0,55 сомонӣ, муассисаҳои буҷетӣ - 1,09 ва корхонаҳо тиҷоратӣ мутаносибан ба 1,82 сомонӣ баробар аст.
“Қобили зикр аст, ки тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру ноҳияҳо фарқ мекунанд, - шарҳ дод Сафарзода. - Масалан, тарифҳои аз ҳама пасттарин барои аҳолӣ дар Ёвону Шоҳин ва чанде аз ноҳияҳои дигар 1,02 сомонӣ ва дар Бохтару Данғара ва як қатор минтақаҳо 1,16 сомониро ташкил медиҳанд”.
Ба суол дар бораи ба норозигии аҳолӣ оварда расонидани болоравии тарифҳо, муовини директори корхона посух дод, ки “шишаи яклитраи об дар мағозаҳо беш аз 2 сомонӣ нарх дорад ва одамон онро мехаранд, ин ҷо як тонна об 1 сомонӣ нарх дорад”.
“Мутаассифона, бо вуҷуди ин, бисёре аз одамон маблағи хизматрасониҳои таъминоти обро саривақт пардохт намекунанд”, - иброз дошт Сафарзода.
Дар корхона инчунин зикр карданд, ки имрӯз 58%-и аҳолии деҳоти кишвар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надошта, дар шаҳру маркази ноҳияҳо ин нишондиҳанда тақрибан ба 86% баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста