Дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус мақомот тасмим гирифтаанд, ки ҳамаи роҳҳои равуо байни он ва деҳаи Борбордуки Қирғизистонро банданд.
Ҳамаи роҳҳо баста аст
Сокини Хистеварз Акрам ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки айни замон ҳамаи кӯчаҳои пайвасткунандаи ҷамоат бо деҳаи Қирғизистон баста буда, он ҷо кормандони милитсия қарор доранд.
“Ҳамаи кӯчаву роҳҳои деҳаи мо бо шумули шоҳроҳ ба самти Хуҷанд баста аст. Ҳозир танҳо бо роҳи ҷамоати Зарнисор метавон ба маркази маъмурии вилоят рафт. Барои бо қирғизҳо алоқа надоштани аҳолии деҳа дар баъзе роҳҳо хандақ кофта шуда, дар дигараш сангрезаву шағал рехтаву дар бархе ҷойҳо роҳбанд (шлагбаум) гузошта шудааст”, - иброз дошт Акрам.
Вай афзуд, ба сокинони маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки агар шаҳрвандони Қирғизистонро дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида кунанд, ба ҳукумат хабар диҳанд.
Номбурда ҳамчунин хабар дод, ки сардухтури беморхонаи Хистеварз дар карантин қарор дорад: ӯро пас аз робита бо зани аз Русия баргашта ҷойгир кардаанд.
Сардухтури бемористон дар карантин
Сардухтури беморхонаи ноҳиявии №1 дар Хистеварз Рудоба Мадаминова ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ӯро пас аз робита бо зани таби баланд дошта ба карантин гирифтанд.
“Занеро барои муоина наздам оварданд. Ӯ таби баланд дошту ошкор шуд, ки дар Русия будааст. Нимаи моҳи март аз Русия баргашта, баъд аз 13 рӯз табаш баланд ва ба худмуолиҷакунӣ машғул мешавад. Мо ӯро ба беморхонаи сироятӣ фиристодем ва дар он ҷо ӯро ба карантин гирифтанд. Инчунин 6 нафар аъзои оилаи ӯ, ман ва шахсе, ки занро барои муоина оварда буд, дар карантин қарор дорем. Зан ва ҳамаи аъзои оилаи ӯ аз тести коронавирус гузашта, натиҷаашон манфӣ баромад”, - гуфт Мадаминова.
Сардухтури бемористон илова кард, ки ҳозир худро хуб ҳис мекунад ва аз натиҷаи манфии ташхисҳои зану аъзои оилаи ӯ хурсанд аст.
Тадбирҳо ба пешгирии коронавирус равона шудаанд
Раиси ҷамоати Хистеварз Уктам Ҷӯраев ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор дошт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба пешгирии вуруди имконпазири коронавирус ба кишвари мо равона шудаанд.
“Ягон маҳдудияти сартосарӣ нест, сокинони деҳа озодона равуо доранд. Барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус танҳо баъзе маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷой доранд. Ҳамаамон медонем, ки дар кишвари ҳамсоя ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст”, - таъкид дошт Ҷӯраев.
Котиби матбуотии раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-Плюс” гуфт, кормандони милитсия барои он дар роҳҳо истодаанд, ки шаҳрвандони мо ба Қирғизистон нараванду аз он кишвар низ одамон ба қаламрави Тоҷикистон ворид нашаванд. “Ҳамаи шаҳрвандони мо озодона ба ҷамоат вориду хориҷ мешаванд, барои равуои онҳо ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст”, - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Муин Алиев – яке аз таксиронон дар самти Исфара-Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки кормандони БДА мошинҳоро манъ мекунанд.
“Онҳо дар дохили мошин ҳузур надоштани шаҳрвандони Қирғизистонро тафтиш мекунанд. Агар дар мошин қирғизҳо бошанд, онҳоро ҳамроҳ бо ронандаву дигар мусофирон ба карантин мефиристанд”, - гуфт номбурда.
Тибқи маълумоти расмӣ, то 8-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Субҳи 8-уми апрел муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷиобоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ташхиси дубораи Ҳабибулло Шодиев, сокини ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулов низ натиҷаи манфӣ дод. Тибқи маълумоти Раёсат, Ҳабибулло Шодиев рӯзи 1-уми апрел на аз коронавирус, балки аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст.
Бо вуҷуди ин, 18 нафар аъзои оилаи Шодиев, инчунин 11 нафар табибону ҳамшираҳои шафқати беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки Шодиев дар ҳамон ҷо бистарӣ буд, дар карантин қарор доранд.
Дар Раёсати тандурустӣ ин қарорро чунин шарҳ медиҳанд: “Гумонбар будем, аз ин рӯ, онҳоро ҷудо кардем. Ғайр аз ин, чанде аз кормандони беморхона таби баланд доштанд. Таби хешовандони Шодиев баланд набуд, вале ба ҳар ҳол, тасмим гирифтем, ки онҳо зери муоина бошанд”.
Ба гуфтаи ӯ, ташхисҳои гузаронидашуда нишон додаанд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо аз коронавирус сироят наёфтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Народная демократическая партия Таджикистана выдвинула 28 кандидатов на парламентские выборы. Кто они?
Безлюдные улицы, испуганные жители: репортаж из кишлака в Канибадаме, где за одну ночь убили 4 человека
В Узбекистане планируют ввести оплачиваемый отпуск для мужчин при рождении ребенка. Как с этим в Таджикистане?
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
ВБ и Швейцария помогут Таджикистану с расширением цифровой экономики
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста