Чанд рӯз пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар Хоруғ ҳамаи шуъбаҳои беморхонаи вилоятӣ пур аз беморон мебошанд. Ҳукумати маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ мегӯянд, ин ҳақиқат надорад.
“Аз пагоҳ маризонро дар беморхонаи ноҳиявии Шуғнон, дар ҷамоати Навобод ва бинои Омӯзишгоҳи техникӣ дар деҳаи Дебаста қабул мекунанд. Ҳозир дар он ҷо (беморхонаи ноҳияи Шуғнон) 27 нафар беморон бистариянд. Шаш нафар шифо ёфта, 1 каси 76-сола вафот кард. Боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд”, - хабар доданд корбарон дар саҳифаи Pamir News в Facebook.
Аммо дар ҳукумати ВМКБ ин гуфтаҳоро ба рӯзноманигори “Азия-Плюс” инкор карданд.
“Беморхонаи шаҳри Хоруғ аз беморони коронавирус пур нест. Дар ин беморхона асосан маризони ҳолаташон вазнин аз Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят бистарӣ мешаванд. Овозаҳои қабули беморон дар беморхонаи ноҳиявӣ дар Навобод ва Омӯзишгоҳи техникӣ дар деҳаи Дебаста низ асоси воқеӣ надоранд”, - хабар дод котиби матбуотии раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков.
Ӯ қайд кард, ки “ба қабули беморон дар Омӯзишгоҳи техникӣ зарурате нест, чунки дар беморхонаҳо ҳоло ҷойҳои холӣ бисёр аст”.
“Беморхонаи Навобод маризони вазъашон муътадилро қабул мекунад. Инчунин сокинон бо аломатҳои беморӣ метавонанд ба табибони маҳалли иқоматашон муроҷиат кунанд. Дар сурати зарурат онҳоро ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол дода метавонанд, ки дар он ҷо барои мубориза бо ин беморӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё шудаанд”, - гуфт Ниятбеков.
Шароитҳои одӣ нестанд
Дар ҳамин ҳол, сомонаи иттилоотии Pamir Daily News нақли сокини Хоруғро дар бораи вазъи беморхонаи вилоятӣ дар давраи пандемия нашр кард.
Сокини Хоруғ Заррина Наврӯза менависад, шумори сироятёфтагон дар Хоруғ рӯз то рӯз афзуда, дар бисёре аз ҷавонон шакли беморӣ сабуку бе аломат аст ва аксарият дар хонаҳояшон табобат мегиранд.
Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки дар беморхона 231 корманди тиббӣ кор карда, 70 нафари онҳо бевосита дар минтақаи муолиҷаи беморони COVID-19 фаъолият доранд.
“Табибон 12 соат дар як шабонарӯз кор мекунанд. Дар ин бора хешовандони беморон ва худи онҳо низ мегӯянд. Сарфи назар аз маоши ночиз ва шароити начандон хуб дар бемрхона, кормнадони тиббӣ ҳамаи кори аз онҳо вобастабударо иҷро мекуннд. Онҳо бо танаффуси 2 ҳафтагӣ кор мекунанд. Ҳукумат барои кормандони тиббии бастаро анҷомдода дар Гармчашма истироҳат ташкил кард, то ки қувваи кории худро барқарор кунанд”, - навиштааст Заррина.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз мавҷуд набудани шароитҳои одӣ шикоят кардааст.
- Ба назар мерасад, ки гӯё ҳама барои худаш кор мекунад. Дар беморхона шароитҳои одӣ нест, ки ба душвориҳои иловагӣ барои беморону кормандон боис мегардад. Дар беморхона бояд ҳаммом кор кунад, лекин мудири хоҷагии беморхона ҳаммомро хусусӣ карда, акнун одамон бо пул дар он шустушӯ мекунанд. Маъмури хуб, сардухтури беморхона кайҳо дар он шароит муҳайё мекард. Масалан, бинои дегхона холӣ аст, он ҷо метавон гӯшаи истироҳат ташкил кард, буғхона дар ҳаммом сохт, - мегӯяд ӯ. - Дар бораи ошхона ҷойи сухан ҳам нест - як оташдон (плита) барои тамоми беморхона. Соҳибкорони маҳаллӣ барои ошхонаи беморхона плитаҳову оташдон ва дигар лавозимот хариданд.
Парасторони осебпазир
Ба гуфтаи ӯ, “кори ҳайати техникӣ дар беморхона хеле душвор аст”.
“Онҳо хеле осебпазиранд, чунки кори аз ҳама ифлосро иҷро мекунанд, - навиштааст Заррина. - То аз ҷониби соҳибкорон харидани мошинҳои ҷомашӯйӣ, онҳоро лозим меомад, ки либосҳои сироятёфтаи табибонро дастӣ шӯянд. Кори парасторон (санитаркаҳо) хеле зиёду маошашон ночиз аст, либоси муҳофизатӣ надоранд. Ба онҳо дастгирии махсус лозим аст...”, - зикр мекунад ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.